Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди донишҷӯёни Эрон дар ИМА ва Бритониё кам мешавад


Вазири омӯзишу парвариши Эрон эълом кард, барои донишҷӯёне, ки қасди таҳси дар Амрико ва Бритониёро доранд, меъёрҳои сахттаре муқаррар хоҳад шуд. Марзия Воҳид Дастҷирдӣ гуфт, аз онҷо ки он ду кишвар нисбат ба Эрон хусумат ва равобити маҳдуде доранд, аз ин рӯ донишҷӯёни эронӣ барои таҳсил бояд ба кишварҳои дигар бираванд. Вазири омӯзишу парвариши Эрон доир ба меъёрҳои нави таҳсил дар Бритониё ва Амрикоро шарҳ надод, аммо гуфт теъдоди донишҷӯёне ки ба он кишварҳо мераванд, камтар хоҳад шуд. Ба гуфтаи таҳлилгарони эронӣ, зоҳиран нақши Амрико ва Бритониё барои эъмоли таҳримоти байналмилалии нав алайҳи барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон сабаби чунин давлати Эрон шудааст. Дар Бритониё ва Амрико солона ҳазорон донишҷӯи эронӣ таҳсил мекунанд.
XS
SM
MD
LG