Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷазо ба хабарнигори қазоқ барои "авбошӣ"


Додгоҳи шаҳри Алмаато як хабарнигори қазоқро барои партоби тапак ба бинои ҳамин додгоҳ ба 10 рӯзи зиндон маҳкум кард. Жанна Байтеловаро барои ин кораш ба авбошӣ гунаҳкор донистанд. Хабарнигори қазоқ мегӯяд, аз ин роҳ хост, то эътирозаш нисбати додгоҳро баён кунад, ки шикояти расмии ӯ алайҳи Карим Масимов, нахуствазири Қазоқистон, Қосимҷомарт Токаев ва Орал Муҳамадҷонов раҳбарони палатаи болоӣ ва поёнии порлумонро барои баррасӣ напазируфт. Жанна Байтелова мегӯяд, ин сиёсатмадорон бо имзои қонун дар мавриди пешвои миллат эълом шудани раиси ҷумҳур Нурсултон Назарбоев хилофи қонун амал кардаанд. Жанна Байтелова, хабарнигори рӯзномаи русизабони “Садои ҷумҳурӣ”, як рӯзномаи мухолифини Қазоқистон аст.
XS
SM
MD
LG