Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд нархи транзити борҳои Тоҷикистонро боло бурд


Ширкати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мегӯяд, мақомоти Узбакистон нархи транзити вагонҳои Тоҷикистон тавассути роҳҳои худро 10 дарсад боло бурдаанд. Узбакистон ин тасмимро ба афзоиши ҳазинаи таъмири роҳҳо рабт додааст.

Як масъули ширкати роҳи оҳан ба радиои Озодӣ гуфт, дар ҷавоб ба ин тасмими Узбакистон раёсати «Роҳи оҳани Тоҷикистон» зимни як нома аз ширкати «Темир йулларӣ»-и кишвари ҳамсоя хоҳиш кардааст, ки аз бо бурдани нархи транзит худдорӣ кунад. Вале ҷониби Узбакистон ин номаро бепосух мондааст.

Ширкати «Темир йулларӣ» эълон кардааст, ки борҳои марбут ба Тоҷикистон сар аз 9-уми августи соли ҷорӣ бо пардохти ҳаққи транзит аз рӯи нархномаи нав иҷозаи убур хоҳанд гирифт.

Баъзе аз коршиносон мегӯянд, афзоиши роҳкиро ба нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон таъсир хоҳад гузошт, зеро аксарияти молу коло ба Тоҷикистон аз роҳҳои Узбакистон ворид карда мешавад.

Эъломи чунин тасмими мақомоти Узбакистон дар ҳолест, ки ним сол боз миёни Душанбе ва Тошканд баҳси масъалаи транзити вагонҳо идома дорад ва садҳо вагони ҳомили борҳои марбут ба Тоҷикистон дар банди кишвари ҳамсоя боқӣ мемонанд.

Дар робита ба ин мушкил борҳо музокироти бенатиҷаи дуҷониба сурат гирифт. Мулоқоти рӯбарӯи раисони ҷумҳури ду кишвар дар моҳи июн низ масъалаи боздошти вагонҳои Тоҷикистонро ҳал накард.

Як ҳафта қабл Вазорати нақлиёт ва алоқаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки Узбакистон аз нав ба банд кардани вагонҳои Тоҷикистон оғоз намуда, ягон вагони ҳомили молу колоро барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷоза намедиҳад.

Тафсилоти мавзӯъ дар ҳоли нашр аст.
XS
SM
MD
LG