Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Устод Зафар Нозим ба хок супурда шуд


Субҳи имруз, соати 9 ба вақти маҳаллӣ, маросими дафни яке аз номдортарин овозхонони кишвар устод Зафар Нозим, бо ҳузури фарзандону наздикони марҳум, мақомоти давлатӣ, дӯстон, аҳли адабу ҳунари кишвар, шогирдон ва ҳазорон нафар аз дӯстдорон ва мухлисони ҳунари волои ин хунёгари камназир баргузор гардид.

Ӯ рӯзи 3-юми август бар асари як бемории тӯлонӣ, дар синни 70-солагӣ дар шаҳри Душанбе ҷаҳонро падруд гуфт.

Дар маросими дафни Зафар Нозим ки дар масҷиди марказии пойтахт доир шуд, ҳазорон нафар барои видоъ ба устод Зафар Нозим ҷамъ омада буданд.

Маросими хоксупории Устод Зафар Нозим
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00


Дар маросими дафн, раиси Палатаи болоии Парлумон ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ва дигар мақомоти баландпояи давлатӣ ширкат доштанд.

Намози ҷанозаи устоди зиндаёд бо пешнамозии Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ баргузор гардид.

Ҷасади устод дар оромгоҳи Лучоб, дар канори чеҳраҳои саршиноси миллат ба хок супурда шуд.

Устод Зафар Нозим аз охирин ҳунармандони соҳибмактаби тоҷик буд, ки садҳо сарояндагонро ба воя расонд ва як саҳифаи рангинро дар таърихи санъати тоҷик боқӣ гузошт.

Зафар Нозим, аз ҳунармандоне буд, ки дар муқоиса ба овозхонҳои дигари маҳбуб дар маҳалҳои хоси Тоҷикистон, дар саросари кишвар ҳаводору шунаванда дошт. Оҳангҳои устод Зафар умумитоҷикист, ки ҳам оҳанги Кӯлоб, ҳам Дарвоз, ҳам Бадахшон ва ҳам Суғдро дорад.

Зафар Нозим худ оҳанг эҷод мекард ва сурудҳояш низ аслан аз адибони классик буд. Чизи дигаре, ки ба гуфтаи оҳангсозону ҳунармандони тоҷик Зафар Нозимро маҳбуби ҳама дар Тоҷикистон карда буд, баҳра гирифтани ӯ аз мактаби мусиқии Акашариф Ҷӯраев, овозхони фақид ва маҳбуби дигар аст.

Сорбони корвони ҳунар

Зафар Нозим 2-юми июни соли 1940 дар хонаводаи як сокини оддии водии Рашти Тоҷикистон ба дунё омада ва зери сояи модари танҳо бузург шудааст. Охири солҳои 50-ум ва аввали солҳои 60-уми қарни гузашта ба саҳнаи ҳунар омад ва дар муддати кӯтоҳе шӯҳрате ба даст овард, ки ҳунармандони собиқадор надоштанд. Таронаҳои “Эй сорбон, оҳиста рон», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо», “Модар” ба қавле дар ин 50 сол ҳамеша дар миёни насли миёнасолу бузургсол маҳбуб буда ва ҳанӯз ҳам ҳаст.

Зафар Нозим ба унвонҳои мӯътабари Ҳунарманди мардумӣ ва шоистаи Тоҷикистон сарфароз шудааст ва нишонҳои дигари фахрии давлатӣ ҳам дорад. Ӯ дар гузашта раҳбари филармонияи давлатӣ ва гурӯҳи мардумии “Ганҷина” ҳам будааст. Зафар Нозимро яке аз шаҳсутунҳои кохи мӯҳташами санъати миллии мардуми тоҷик унвон мекунанд.

Корвони ҳунари Зафар
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00


Таърихе, ки оташ зада шуд

Зафар Нозим ҳамеша зиндагии орому осудае надоштааст ва талхиву сахтиҳои сарнавиштро ҳам чашидааст. Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ, манзили ин овозхони маъруфро оташ заданд ва ба гуфтаи худаш, таъриху ояндаашро аз байн бурданд.

“Фақат барои ҳамон афсӯс мехӯрам. Ман ҳоло Худоро шукр, зиндагии орому осуда дорам, аммо дигар он чизҳо он дискҳоро бозгардонда намешавад. Он таърихи ман буд, ин ҳаёти ман буд, он ояндаи ман буд. Аммо ҳама аз байн рафт, ҳатто як санад ҳам боқӣ намонд”, -гуфта буд ӯ дар яке аз сӯҳбатҳо.

Зафар Нозим мегӯфт, панҷ диски сабти консерту сурудҳояш, ки барои ҳифз то замони оромӣ дар Тоҷикистон аз хазинаи тиллоии радио гирифта буд, дар ин ҳодиса аз даст додааст. Ва дар ҳамон замони хатарнок, ӯ бо ҷасорати хосе дар телевизиони Тоҷикистон зоҳир шуд ва эътироз кард, ки набояд чунин рафтори ношоистае ба ҳунарманд, ки ба сиёсат коре надорад, сурат мегирифт.

Зарбаи бераҳмонаи дигари тақдир ба Зафар Нозим, даргузашти писари ҷавонаш Соҳибқирон Нозимов буд, ки дар синни 34-солагӣ фавт кард.

Зафар Нозим дар охирин консерти бошукӯҳ ба муносибати 70-солагиаш дигар он марди тануманду қавӣ ба назар намеомад ва дастонаш меларзид, аммо бо вуҷуди ин ҳама садояш мисли пеш қавӣ ва толор ҳам лабрез аз бинандагони пиру ҷавон буд.

XS
SM
MD
LG