Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Қирғизистон як кумиссиёни махсусро барои таҳқини низоъҳои хунини як моҳи пеш миёни қирғизу ӯзбакҳо дар ҷануби он кишвар таъсис додааст. Турсунбек Охун, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин кумиссиён 13 нафар аз намояндагони аққалиятҳои миллии Қирғизистон, аз ҷумла ӯзбакҳо ҳам шомил будаанд. Ӯ афзуд, ки кумиссиёни мазкур ҳамзамон бо кумиссиёни миллии ҳукуматӣ сабабҳои бархостани низоъ дар шаҳрҳои Ӯшу Ҷалолободро таҳқиқ мекунад ва натиҷаҳои пажӯҳиш рӯзи 30 сентябр эълом хоҳад шуд. Бар асари низоъҳои моҳи июн дар Ҷалолободу Ӯш бештар аз 356 нафар ҳалок ва ҳазорон тани дигар бехонумон шуданд.