Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед аз боздоштҳои 31-ӯми июли Русия нигарон аст


Кохи Сафеди Амрико аз боздошти тақрибан 100 нафар дар ҷараёни тазоҳуроти эътирозии 31-ӯми июл дар Русия изҳори нигаронӣ кард. Ин тазоҳурот бар зидди маҳдудияти озодиҳо баргузор шуда буд. Майк Ҳаммер-сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико гуфт, ин кишвар бар моҳияти дифоъ аз арзишҳои умумӣ, аз ҷумла озодии баён, таъкид мекунад. 2-юми август сенатори амрикоӣ Ҷон Маккейн озодии ҳар чӣ зудтари Борис Немтсовро, ки ғайриодилона боздошт шудааст, дархост кард.
XS
SM
MD
LG