Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ интиқодоти Британияро дар Лондон баррасӣ мекунад


Баъд аз хатми боздиди дурӯзаи худ аз Фаронса имрӯз Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳури Покистон боздиди худро аз Британия оғоз мекунад. Сухангӯи вай гуфт, дар ин боздид оқои Зардорӣ интиқодоти Девид Камерон-нахуствазири Британия аз мавзеъгирии Исломобод нисбат ба терроризмро баррасӣ мекунад. Қарор аст, Зардорӣ рӯзи ҷумъа бо Камерон мулоқот кунад. Муносиботи миёни Лондону Исломобод ҳафтаи гузашта тира шуд, вақте, ки Камерон гуфт, Покистон набояд "роҳи дугона"-ро пеш бигирад ва ба таври махфӣ аз хушунатҳои тундгароёна ҳимоят кунад, дар ҳоле, ки вонамуд месозад, ки хостори суботи вазъ дар минтақа аст. Қабл аз боздид аз Лондон Зардорӣ ба рӯзномаи "Ле Монде" гуфт, нируҳои эътилоф ҷанг бар зидди Толибон дар Афғонистонро бохта истодаанд.

XS
SM
MD
LG