Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаш зиндонии қазоқ шиками худро чок кардаанд


Мақомоти интизомии Қазоқистон мегӯянд, шаш зиндонӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Алмаато ба нишони эътироз аз шароити нигаҳдориашон, шиками худро чок кардаанд. Ирина Ёқубова, намояндаи раёсати зиндонҳои шаҳри Алмаато, ба хабарнигорон гуфт, вазъи ҳамаи шаш маҳбус қаноатбахш аст ва иддаъои онҳо доир ба латукӯб ва шиканҷа шуданашон аз тарафи посбонҳои зиндон комилан дурӯғ аст. Ин ҳодиса рӯзи ҷумъаи гузашта 30 июл ба вуқӯъ пайвастааст. Вадим Курамшин, як ҳомии ҳуқуқи инсон дар Алмаато гуфтааст, сабаби ба ин кор даст задани зиндониён, амри Димаш Аскарулӣ, мудири нави зиндон барои манъи истифода аз телефонҳои ҳамроҳ дар зиндонҳо будааст.
XS
SM
MD
LG