Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳқиқи даргириҳои қавмии Ӯшу Ҷалолобод оғоз ёфт


Куммисиюни давлати Қирғизистон имрӯз ба таҳқиқи сабабҳои даргириҳои хунини қавмии моҳи июн байни узбакҳову қирғизҳо дар вилоёти ҷанубии Ӯшу Ҷалолобод шурӯъ кард.
Аъзои ин кумиссиюни миллӣ имрӯз бо аҳолии умдатан узбаки рустоҳои Мадӣ, Шарқ ва Қизилкиштаки ноҳияи Қаросӯи вилояти Ӯш мулоқот карданд.
Дар хушунатҳои қавмии моҳи июн дар ҷануби Қирғизистон дастикам 365 нафар кушта шуда ва садҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳаводис ҳамчунин мунҷар ба беҷо шудани садҳо ҳазор нафари дигар шуд.
Кумисиюни миллӣ бо фармони раисиҷумҳур Роза Отунбоева таъсис ёфта, намояндагони ақвоми мухталифро дар бар мегирад. Раҳбарии он ба Абдуғанӣ Эркебоев, раиси собиқи парлумони Қирғизистон вогузор шуда, қарор аст, натоиҷи таҳқиқоти ин ниҳод то 10 сентябр ба Отунбоева супурда шавад.
XS
SM
MD
LG