Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони вазъи изтирорӣ дар 7 минтақаи Русия


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар 7 минтақаи аз оташсӯзиҳо зарардидаи кишвараш вазъи изтирорӣ ҷорӣ карда, равуои мардум ба манотиқи таҳти оташро низ маҳдуд кард. Вазъи изтирорӣ дар вилоёти Владимир, Воронеж, Маскав, Нижний Новгород, Рязан ва ҳам дар ҷамоҳири мухтори Марий Эл ва Мордовия эълон шудааст. Ин дар ҳолест, ки шумори қурбониёни сӯхторҳо дар Русия ба дастикам 34 нафар расид. Вазорати изтирории Русия мегӯяд, тайи 24 соати охир ҳудуди 500 сӯхтори ҷадид сабт шудааст. Русия феълан бо гармои дар 130 соли охир бесобиқае дастбагиребон шудааст.
XS
SM
MD
LG