Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ 36 000 ёдгории бостониашро баргардондааст


Вазири ҷаҳонгардӣ ва ёдгориҳои бостонии Ироқ Қаҳтон ал-Ҷубурӣ гуфт, ки онҳо тайи 7 соли охир дар натиҷаи ҳамкории байналмилалӣ беш аз 36 000 ёдгории таърихии аз Осорхонаи миллӣ ва дигар мавзеъҳои таърихии Ироқ рабудашударо пайдо кардаанд. Ал-Ҷубурӣ гуфт, аз ҷумла 8 000 ёдгории ёфтшуда аз хазинаи Осорхонаи миллии Ироқ аст, ки дар пайи суқути давлати Саддом Ҳусайн дар апрели соли 2003 ба дасти ғоратгарон рафта буд. Дар он рӯзҳо аз ин осорхона дар маҷмӯъ ҳудуди 15 000 ёдгории бебаҳоро рабудаанд.
Ёдгориҳои рабудашударо ба Ироқ аз кишварҳои мухталифе, чун Урдуну Сурия, Ҳолланду Испания ва ҳатто аз Перу пас овардаанд. Аммо сухангӯи вазорати ҷаҳонгардӣ ва ёдгориҳои бостонии Ироқ Абдулзаҳро Талақонӣ гуфтааст, ки Эрон дар ин масъала ҳусни ҳамкорӣ нишон намедиҳад.
XS
SM
MD
LG