Дар чанд ҷумла
Боздошти як рӯҳонӣ дар рустои Дарёободи Рӯдакӣ
Наздикони Мавлавӣ Абдулқаҳҳор мегӯянд, ки ӯ дар мавсими таътилоти тобистона ба наврасон таълими динӣ медод.
Гуфта мешавад, ин боздошт дар чаҳорчӯби амалиёти саросарии “Мадраса” анҷом мешавад, ки алайҳи фаъолияти мадориси ғайриқонунии мазҳабӣ равона шудааст. Аммо коршиносони умур ҷилавгирӣ аз исломишавии бештари ҷомиаро аз аҳдофи аслии амалиёти нави мақомот ном мебаранд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Амрико ҳукумати Толибонро "ҳомии боздоштҳои ноҳақ" номид
Иёлоти Муттаҳида Афғонистонро "ҳомии боздоштҳои ғайриқонунӣ" номид ва ҳукумати эътирофнашудаи "Толибон"-ро ба нигоҳ доштани шаҳрвандони Амрико ҳамчун абзори фишор айбдор кард.
Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 9-уми март гуфт, ҳукумати "Толибон" барои ба даст овардани имтиёзҳои сиёсӣ аз "усулҳои террористӣ" истифода мекунад.
"Онҳо мардумро мерабоянд, то дар иваз боҷ бигиранд ё имтиёз ба даст биоваранд. Истифода аз ин равишҳои нописанд бояд поён ёбад," – афзуд ӯ.
Деннис Койл, пажӯҳишгари 64-солаи амрикоӣ, моҳи январи соли 2025 аз ҷониби "Толибон" дастгир шуд.
Маҳмуд Ҳабибӣ, шаҳрванди дигари Амрико, аз моҳи августи соли 2022 дар Афғонистон дар боздошт аст. Вай дар ҳукумати пешинаи Афғонистон, ки аз пуштибонии Иёлоти Муттаҳида баҳравар буд, раёсати Идораи ҳавонавардиро ба уҳда дошт.
Бо ин ҳол, ҳукумати Амрико нагуфтааст, ки пас аз шомил шудани Афғонистон ба рӯйхати "ҳомии боздоштҳои ғайриқонунӣ" чӣ чора хоҳад дид.
Вазорати корҳои хориҷии "Толибон" рӯзи 10-уми март рад кард, ки шаҳрвандони амрикоиро барои гирифтани имтиёз нигоҳ медорад.
"Бо мардум дағалӣ накунед." Талаби як мансабдори ВКД аз милисаҳо
Як мансабдори баландпояи Вазорати корҳои дохилӣ аз маъмурони милиса ва нозирони роҳ дар шаҳри Панҷакент хостааст, бо мардум хушмуомилаву нарм бошанд ва дағаливу бадрафторӣ накунанд.
Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 10-уми март бо нашри баёнияи расмӣ гуфт, генерал Маҳмадсафар Пирзода аз афсарону маъмурони милисаи шаҳри Панҷакент хостааст, ҳангоми иҷрои вазифа манфиати давлату ҷомеаро дар мадди аввал гузоранд ва аз ҳадди ваколати хидматӣ нагузаранд.
Дар баёния ҳамчунин омадааст, Маҳмадсафар Пирзода аз ҳайати кормандон талаб кардааст, ки “зимни иҷрои вазифа бо мардум хушмуомила бошанд.”
Пирзода сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аст.
Ҷаласа бо маъмурони милиса дар шаҳри Панҷакент баъди ҷанҷолу кашмакаши нозирони роҳ бо ронандагон дар ноҳияи Мастчоҳ сурат гирифт.
Баъди нашри видеои ин моҷарои ҳиҷолатовар барои мақомоти интизомии Тоҷикистон, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 6-уми март раҳбарони додгоҳ, додситонӣ ва пулиси ноҳияи Мастчоҳро аз мақомҳояшон барканор кард.
Дар ин видео, ки рӯзи 3-юми март корбарон ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки чанд нозири роҳ бо ронандагон даъвову кашмакаш доранд ва ҳамдигарро дашномҳои зишту қабеҳ медиҳанд.
Шикоят аз бадрафтории маъмурони милиса ва тамаъҷӯии нозирони роҳ дар Тоҷикистон ҳамеша вуҷуд дорад, агарчӣ Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ҳар касе, ки аз салоҳиятҳои хидматии худ фаротар меравад, ҷазо мегирад.
Ҳудуди 140 сарбози амрикоӣ дар ҷанг бо Эрон захмӣ шудаанд
Сухангӯйи Вазорати дифоъ ё ҷанги Амрико рӯзи 10-уми март эълон кард, ки аз оғози ҷанг алайҳи Эрон, ҳудуди 140 нерӯи низомии Иёлоти Муттаҳида дар ҳамлаҳои мухталиф захмӣ шудаанд.
Дар баёнияи Пентагон омадааст, аксарияти онҳо ҷароҳатҳои сабук бардошта, то кунун 108 нафари онҳо ба хидмат бозгаштаанд.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифоъ ё ҷанги Амрико, ҳашт нафар аз нерӯҳои низомӣ ҳамчунон дар феҳристи захмиёни вазнин қарор доранд ва ҳоло муолиҷа мегиранд.
Пентагон пештар гузориш дода буд, ки ҳафт сарбози амрикоӣ дар ҷараёни ҷанг бо Эрон ҷони худро аз даст додаанд.
Узбекистон 25 ҳазор шаҳрвандашро аз Ховари Миёна берун овард
Мақомоти Узбекистон эълон карданд, ки то 10-уми март беш аз 25 ҳазор шаҳрванди ин кишварро аз Ховари Миёна баргардонидаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон гуфтааст, зиёда аз 21 ҳазор нафар аз Арабистони Саудӣ, беш аз 3 ҳазор кас аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, 47 нафар аз Эрон ва 344 кас аз Қатару 28 нафар аз Баҳрайну Умон берун оварда шуданд.
Бозгардонидани шаҳрвандони Узбекистон тариқи кишварҳое сурат гирифтаст, ки ҳарими ҳавоияшон боз буд.
Аз оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон дар рӯзи 28-уми феврал ва зарбаҳои ҷавобии Теҳрон, парвозҳои мунтазам ба Баҳрайну Кувайт, Сурияву Ироқ ва Эрону Қатару Исроил номумкин шуд. Барои овардани шаҳрвандони бандмонда, кишварҳои Осиёи Марказӣ парвозҳои махсус ё чартерӣ ба роҳ монданд.
Дар ин муддат садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ҳам аз Эрону кишварҳои арабӣ ба ватан оварда шуданд.
Мақомоти Узбекистон эълон карданд, ки аз 10-уми март парвозҳои рафту бозгашт ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб имконпазир шудааст ва ҳавопаймоҳо метавонанд бо риояи талаботи бехатарӣ парвоз анҷом диҳанд.
Вазири дифои Амрико гуфт, ҳамла ба Эрон сахттар хоҳад шуд
Пит Ҳегсет, вазири дифоъ ё ҷанги Иёлоти Муттаҳида, гуфт, рӯзи 10-уми март ҳамла ба Эрон сахттар ва бештар хоҳад шуд.
Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар Пентагон гуфт: "Имрӯз дубора шадидтарин рӯзи ҳамлаҳои мо дар дохили Эрон хоҳад буд."
Ба қавли Ҳегсет, Эрон танҳо монда ва дар ҳоли таҳаммули шикаст аст.
Вазири дифои Амрико дар айни замон Ҷумҳурии Исломиро муттаҳам кард, ки мушакандозҳои худро дар канори хонаҳои мардум ва наздики мактабу бемористонҳо ҷойгир кардааст, "то тавоноии моро дар задани онҳо коҳиш диҳад".
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чанд кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густурда анҷом дод.
Зарбаҳои ду тараф ба ҳамдигар бо мушаку ҳавопаймо идома дорад.
Гуфтугӯи Трампу Путин дар бораи ҷанги Эрон ва сулҳ дар Украина
Доналд Трамп, президенти Амрико ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин дар як гуфтугӯи телефонӣ ҷанги Эрон ва дурнамои сулҳ дар Украинаро баррасӣ карданд.
Ин гуфтугӯ чанд соат пас аз ҳушдори раисҷумҳури Русия дар бораи хатари буҳрони энержӣ барои иқтисоди ҷаҳон сурат гирифт.
Ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон боиси болоравии шадиди нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ шуд, ки чунин ҷаҳиш баъд аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар соли 2022 собиқа надошт.
Дар пайи баста шудани гулӯгоҳи Ҳурмуз, тавлидкунандагони нафт дар Халиҷ истихроҷро коҳиш додаанд.
Ба гуфтаи ҷониби Русия, раҳбарон пешниҳодҳои Маскавро барои хотимаи зуди низоъ дар Эрон, вазъ дар Украина ва бозори ҷаҳонии нафт баррасӣ кардаанд.
Қатъи кори 9 бемористон бар асари ҳамлаҳо дар Эрон
Як узви Кумисюни тандурустии Маҷлиси Эрон рӯзи 10-уми март ба хабаргузории "Илна" гуфтааст, бар асари ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ 9 бемористон аз кор монд.
Муҳаммад Ҷамолиён ба таври мушаххас нагуфтааст, ки ин бемористонҳо дар кадом шаҳр ва минтақаҳои Эрон қарор доранд.
Ба иттилои вай, аз оғози ҳамлаҳои муштарак 25 маркази тиббӣ дар Эрон зарар дида, ба ҷуз 9 бемористон, боқимонда камобеш фаъолият доранд.
18 шуъба ва 14 мошини “Ёрии таъҷилӣ” дар Ҷумҳурии Исломӣ низ вайрон гаштааст.
Амрико ва Исроил рӯзи 28-уми феврали имсол ба Эрон ҳамла карданд, ки бар асари он раҳбари олии ин кишвар Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ва шуморе аз фармондеҳони баландпояи низомӣ кушта шуданд.
Эрон дар вокуниш ба ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ба Исроил ва чанд кишвари арабии ҳавзаи Халиҷи Форс, ки мизбони пойгоҳҳои низомии ИМА ҳастанд, ҳамлаҳои густурда анҷом дод.
Зарбаҳои ду тараф ба ҳамдигар бо мушаку ҳавопаймо идома дорад.
Чин дар Тоҷикистон даҳҳо дидбонгоҳи нави марзӣ месозад
Қарор аст, дар ояндаи наздик бо сармояи Чин дар марзҳои гоҳо ноороми Тоҷикистон дидбонгоҳу қароргоҳҳои нав сохта шавад.
Маҷлиси намояндагон ҳафтаи гузашта бо тасдиқи “Номаҳои табодулӣ байни Тоҷикистон ва Чин” роҳро барои иҷрои ин тарҳ ҳамвор кард.
Муродалӣ Раҷабзода, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар ҳузури вакилон гуфтааст, ҳадаф аз ин кор “боз ҳам амиқтар гардонидани шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Чин” ва посбонии муносиби марзҳои кишвар аст.
Ба гуфтаи вай, баъд аз иҷрои ин расмиёт, Чин дар марзҳои Тоҷикистон бо арзиши тақрибан 425 миллион юан ё 61 миллион доллар иншооти сарҳадӣ месозад.
Ӯ мушаххас нагуфтааст, ки ин чӣ гуна иншоот хоҳад буд, аммо дар гузашта Чин дар марз бо Афғонистон барои афсарони тоҷик чанд дидбонгоҳ ва қароргоҳ бунёд кардааст.
Ба гуфтаи Муродалӣ Раҷабзода, Чин дар солҳои 2017-2018 ба таври ройгон дар марзи ноороми Тоҷикистон бо Афғонистон барои посбонии марз 12 иншооти махсус сохтаву ба истифода дод.
Дар гузашта гузоришҳое ҳам буданд, ки Чин дар қаламрави Тоҷикистон барои худ пойгоҳи низомӣ сохтааст, вале мақомот соли 2024 онро рад карданд.
Чин дар ҳоли ҳозир аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад ва қарзи Душанбе аз Пекин бештар аз 800 миллион долларро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон бо Чин, бо дувумин иқтисоди бузурги ҷаҳон, тақрибан 500 километр марзи муштарак дорад. Пойбандии кишвар ба Чин сол ба сол бештар мешавад ва ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Тоҷикистон дар оянда пойбанди амру иродаи сиёсии Чин хоҳад гашт.
Нархи як бушка нафт то 120 доллар расидааст
Нархи нафти навъи Brent дар бозорҳои минтақаи Осиё рӯзи 9-уми март якбора боло рафта, нархи як бушкаи он ба қариб 120 доллар баробар шудааст.
Аз тобистони соли 2022 то ин вақт ин бори аввал аст, ки нархи нафти навъи Brent ба ин сатҳ мерасад.
Бино ба нишондодҳои бозори бурси биржаи ICE дар Лондон, қиммати нафти Brent тақрибан 29 дарсад боло рафтааст.
Субҳ ба вақти Маскав арзиши ҳар бушка нафт 116 долларро ташкил медод, вале дертар он то ба 107 доллар поин оварда шуд.
Болоравии якбораи нархи маводи сӯхт ба ҷанг дар Ховари Миёна ва ҳамлаи Амрико ва Исроил алайҳи Эрон рабт дода мешавад.
Ҳамлаҳои низомӣ ва баста шудани оброҳа ё гузаргоҳи Ҳурмуз сабаби асосии афзоиши қимати нафт гуфта мешавад. Беш аз 20 дарсад аз нафти ҷаҳон аз тариқи ин оброҳа кашонда мешавад.
Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки болоравии нархҳо "баҳои хеле ночиз барои амният ва сулҳи Амрикову тамоми ҷаҳон аст".
Ба гуфтаи Трамп, вақте таҳдиди барномаи ҳастаии Эрон аз байн бурда мешавад, нархҳо зуд поин мераванд.
"Сомон Эйр" аз оғози парвозҳо ба Дубай хабар дод
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз оғози парвозҳо ба Дубай хабар дод. Ин ширкат рӯзи 9 март бо нашри як эълон гуфт, рӯзҳои 11, 13 ва 15 март дар хатсайри Душанбе-Дубай-Душанбе парвозҳо анҷом хоҳад дод.
Парвозҳо бо нишасту парвоз дар фурудгоҳи байналмиллалии Al Maktoum International Airport ба нақша гирифта шудаанд.
"Сомон Эйр" 3-юми март эълон карда буд, ки "ба сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар истифодаи ҳаримӣ ҳавоӣ", парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ва Дубай муваққатан манъ карда мешавад.
Дар пайи он, мақомот аз роҳандозии парвозҳои чартерӣ барои овардани тоҷикистониҳое, ки дар кишварҳои арабӣ банд мондаанд, хабар дода буданд.
Ширкати “Сомон Эйр” вазифадор шуд, ки бо анҷоми парвозҳои махсус шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистонро аз Имороти муттаҳидаи араб ба кишвар биёрад.
Рӯзи 8-уми март ширкат 178 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро бо чунин як парвоз аз Дубай ба Душанбе овард.
Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Муҷтабо Хоманаӣ
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Муҷтабо Хоманаӣ, раҳбари тозаинтихоби Эрон, паём дод.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 9-уми март дар номае омодагии худро барои “таҳкиму тавсеаи беш аз пеши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон...” изҳор доштааст.
Ӯ инчунин бе ишора ба ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон гуфтааст, “ҷонибдории худро аз риояи ҳатмии усул ва муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ таъкид менамоем.”
Муҷтабо Хоманаӣ, писари 56-солаи Алии Хоманаӣ, раҳбари куштадашудаи Эрон, рӯзи 8-уми март аз сӯи Маҷлиси Хубрагон ҷойгузини падар ва раҳбари сеюми Ҷумҳурии Исломӣ интихоб гашт.
Алии Хоманаӣ, ки 37 сол Эронро раҳбарӣ мекард, 28-уми феврали имсол, дар оғози ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Ҷумҳурии Исломӣ кушта шуд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, рӯзи 8-уми март таҳдид карда буд, ки агар мақомҳои эронӣ ибтидо таъйиди ӯро нагиранд, раҳбари нави Ҷумҳурии Исломӣ “дер нахоҳад поид”.
Вай аз он пеш Муҷтабо Хоманаиро шахсе “заиф” донист ва афзуд: “Писари Хоманаӣ барои ман қобили қабул нест. Мо касеро мехоҳем, ки барои Эрон оромишу сулҳ биёварад”.
Муносибати Тоҷикистону Эрон, ки чандин сол ҳамвор набуд, соли 2019, пас аз имзо шудани санаде тағйир ёфт ва рӯ ба гармӣ овард. Ин ду кишвар забону фарҳангу таърихи ягона доранд ва ҳамзамон аз ҳампаймонҳои муҳиму муштараки Русия ба шумор мераванд.
Манъи муваққатии сафар аз Қирғизистон ба ҳаҷҷи умра
Бо шиддат гирифтани вазъ дар Ховари Миёна, Қирғизистон сафари шаҳрвандонашро ба ҳаҷҷи умра муваққатан боздоштааст.
Ба иттилои муфтиёт ё Идораи мусалмонони Қирғизистон, ин тасмим рӯзи 7-уми март дар ҷаласае бо ширкати мансабдорон, аз ҷумла аз Вазорати корҳои хориҷӣ ва Оҷонси ҳавонавардӣ гирифта шуд.
Дар мулоқот таъкид шудааст, ки то замони ором шудани вазъ дар минтақа бояд ба амнияти шаҳрвандон бартарӣ дода шавад.
Ба ширкатҳои сайёҳӣ ва ҳавопаймоии Қирғизистон тавсия дода шудааст, ки то ба эътидол омадани вазъ аз ташкили сафари ҳаҷҷи умра худдорӣ кунанд.
Муфтиёти Қирғизистон ҳанӯз 3-юми март аз шаҳрвандони ин кишвар даъват карда буд, ки муваққатан аз сафари ҳаҷҷи умра худдорӣ кунанд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон, 22 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Ховари Миёна ҳастанд.
Дар Тоҷикистон расман дар бораи манъ ва ё маҳдуд шудани сафар ба ҳаҷ эълоне нашр нашудааст, вале баъзе аз ширкатҳои масъули гусел ва қабули зоирон гуфтанд, аз оғози нооромӣ гурӯҳеро ба Арабистони Саудӣ нафиристодаанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи дуюми март ба шаҳрвандон тавсия дод, ки бо таваҷҷуҳ ба вазъи ҳозира аз сафар ба кишварҳои Ховари Миёна худдорӣ кунанд.
Ҳабси 25 соҳибкори тоҷик бо гумони "боло бурдани нарх"
25 соҳибкорро дар шаҳри Душанбе барои, ба гуфтаи мақомот, "беасос боло бурдани нархи гӯшт" ҷазо додаанд.
Раёсати корҳои дохилии пойтахт бо нашри хабарномае гуфт, дар як нуқтаи фурӯши гӯшт мавридҳои зиёди "худсарона боло бурдани нарх аз сӯйи тоҷирон" ошкор шудааст.
Мавқеи худи тоҷирон ва пайвандони онҳо дар ин бора маълум нест.
Ба иттилои Раёсати умури дохилӣ, 25 соҳибкор бо қарори додгоҳ 5 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шудаанд.
Пулиси Душанбе аз фурӯшандагон хостааст, ки талаботи қонунгузориро риоя кунанд ва нархи маҳсулоти ниёзи аввалияи мардумро боло набаранд.
Тайи моҳҳои охир мақомоти интизомии Душанбе бо нашри акси тоҷирон аз боздошту муҷозоти махсусан гӯштфурушон барои гарон кардани нарх хабар медиҳанд.
Баъзе аз сокинон аз ин иқдоми мақомот ситоиш мекунанд, вале гурӯҳи дигар онро бенатиҷа медонанд, чун ба гуфтаи онҳо таъйини нархи гӯшт дар бозор аз тоҷирон вобаста нест.
Даргузашти ҳунарпешаи мардумӣ Тоҷиннисо Саидова
Тоҷиннисо Саидова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, дар 73-солагӣ даргузашт.
Дар ин бора баъзе аз дӯстонаш рӯзи 9-уми март дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд.
Ӯ Донишкадаи синамогариро дар Маскав хонда, фаъолиятро дар театри ба номи Лоҳутии Душанбе оғоз кардааст.
Аз соли 1991 дар театри "Оина" кор мекард.
Тоҷиннисо Саидова дар намоишнома ва филмҳои зиёд нақш бозидааст. Аз ҷумла, дар намоишномаҳои "Хостгорӣ", "Исёни арӯсон", "Садо аз тобут" ва филми "Хати парвоз".
Бозгашти 178 тоҷикистонӣ аз Дубай ба Душанбе бо "Сомон Эйр"
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" рӯзи 8-уми март 178 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз Дубай ба Душанбе овардааст.
Ба иттилои манбаъҳои Радиои Озодӣ, ин афрод баъд аз зуҳри якшанбе аз Фурудгоҳи Ал-Мактуми Дубай дар Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе расиданд.
Ин гурӯҳи мусофирон дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва зарбаҳои ҷавобии Ҷумҳурии Исломӣ дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, банд монда буданд.
Аз ин қабл, ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai рӯзи 6-уми март 117 нафарро аз Дубай ба Душанбе оварда буд.
Рӯзи 5-уми март 115 нафар аз шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб тавассути парвози ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба Душанбе оварда шуда буданд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон пас аз оғози бӯҳрон дар Ховари Миёна март эълон кард, ки ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” вазифадор шудааст, барои баргардонидани шаҳрвандони кишвар аз минтақаҳои ноором парвозҳои чартерӣ анҷом диҳад.
Ҳадаф, ба гуфтаи мақомот, овардани тоҷикистониҳое ҳаст, ки дар кишварҳои Ховари Миёна қарор доранд ва бо таваҷҷӯҳ ба вазъи пешомада мехоҳанд ба ватан баргарданд.