Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирози сокинони Хоруғ аз интиқоли як муҷрим ба Душанбе


Шоми рӯзҳои шанбе ва якшанбе ҳудуди 300 нафар аз сокинони Хоруғ дар назди бинои раёсати корҳои дохилаи Бадахшон гирд омаданд. Ба гуфтаи эътирозгарон, онҳоро тақдири як боздоштшуда, ки ба маҳбаси муваққатии вазорати дохила интиқол шудааст, нигарон кардааст.

Аммо ба гуфтаи сухангӯи раёсати корҳои вилоят Умеда Насриддинова, сокини шаҳри Хоруғ Фаромуз Амонбекови 27- сола, ки ба хотири тафтишоти иловагӣ ба вазорати корҳои дохила бурда шуда буд, пас аз пурсиш аз нав ба раёсати корҳои дохила дар Хоруғ баргардонида шуд.

Сухангӯи раёсати корҳои дохила баён дошт, ки Амонбеков ба гумони истифода аз яроқи оташфишон, расонидани зарари ҷисмонӣ ба шаҳрванд Аъзам Ниёзбеков боздошт гардидааст.

Аммо сокини Хоруғ Парӣ Ғуломҳайдарова мегӯяд, ки эътирозгаронро нигаронӣ аз эҳтимоли истифодаи азобу шиканҷа нисбати боздоштшуда дар марказ гирд овард ва онҳо аз мақомоти қудратии вилоят талаб карданд, ки ҳодисаро худашон аз рӯи адолат таҳқиқ ва гунаҳгоронро муҷозот кунанд.

Ба фикри эътирозгарон, мақомоти қудратии вилоят аз салоҳияти кофӣ бархурдор буда ва барои интиқоли боздоштшудагон ба Душанбе зарурате мавҷуд намебошад.

Аммо намояндаи раёсати корҳои дохилаи Бадахшон истифодаи шиканҷаро рад намуд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG