Кирилл, усқуфи аъзами Русия, аз мардуми кишвараш хост, дуо кунанд, то борон биборад, чун ҷангалсӯзиҳо дар Русия ҳамчунон идома дорад ва то кунун 28 нафарро куштааст. Хушксолии бесобиқа дар 100 соли ахир дар Русия, боиси сӯхтани ҷангалзорҳои васеъ дар манотиқи аврупоии Русия шудааст. Матбуоти Русия аз қавли усқуфи аъзам навиштааст, “ҳамроҳ дуо кунед, то ба замини мо борон бирезад», зеро “инсонҳо қурбон шуданд, садҳо нафар бесарпаноҳ ва ҳазорон нафар, аз ҷумла кӯдакони зиёде бидуни василае барои зиндагӣ монданд”. Мақомоти Русия мегӯянд, ҷангалсӯзиҳо дар 774 маҳал ва дар масоҳати 100 ҳазор гектар паҳн шудааст. Барои фурӯ нишондани оташ дар минтақаи Маскав, 4 ҳазор сарбозро низ сафарбар кардаанд.