Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон қонуни зидди носу сигор қабул мешавад


Фурӯш ва истеъмоли маҳсулоти тамокуӣ дар Тоҷикистон, бино бар қонунгузории нав, маҳдуд хоҳад шуд. Тарҳи нав бо пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон таҳия ва ба порлумон фиристода шудааст. Қонуни нав фурӯш ва истеъмоли ҳама намудҳои тамоку, аз ҷумла носро дар тамоми муассисаҳои давлатӣ, мактабу донишгоҳҳо, ниҳодҳои фарҳангию беҳдоштӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва нақлиёти умумӣ манъ мекунад. Барои сигоркашон ва истеъмолкунандагони нос ҷойҳои махсус ҷудо карда хоҳад шуд. Барои нақзи қонуне, ки гуфта мешавад, ба хотири тандурустии миллат ва пеш аз ҳама насли ҷавон омода гатштааст, ҷаримаҳои пулӣ ва муҷозоти бузургтар пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG