Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Путин барои баргузории ҷаласаи изтирорӣ


Владимир Путин, нахуствазири Русия аз губернаторҳои минтақаҳои гирифтори ҷангалсӯзиҳои мудҳиш даъват кардааст, ки барои як нишасти изтирорӣ дар Маскав ҷамъ оянд. Қарор аст, ин нишаст рӯзи душанбе баргузор шавад. Вазорати умури изтирории Русия мегӯяд, барои фурӯ нишондани оташсӯзиҳо дар ҷангалзорҳои 14 минтақаи кишвар дар маҷмӯъ 238 ҳазор оташнишон талош доранд. Вазорат гуфт, вазъият таҳти контрол дароварда гшудааст ва барои роҳ надодан ба доман задани оташ ҳамчунин 2 ҳазор сарбоз ва 226 ҳавопаймо кӯмак мекунанд. Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ҷангалсӯзиҳо дар Русияро, “офати табиӣ” хонд. Дар ин оташсӯзиҳо то кунун 31 нафар ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG