Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи маросими сӯгвории 21 қурбонӣ дар Олмон


Дар маросими гиромидошти хотири 21 нафаре, ки дар як ҷашнвораи мусиқӣ дар Олмон ҳалок шуданд, имрӯз ҳазорон нафар ҳузур доранд. Ангела Меркел, садри аъзам ва Кристиан Вулф, раиси ҷумҳури Олмон низ дар ин маросим дар шаҳри Дуисберг, ки фоҷиа як ҳафта пеш дар онҷо ба вуқӯъ пайваст, ширкат меварзанд. Маросими гиромидошти хотираи қурбониён дар Калисои Салватор баргузор мешавад ва аз тариқи телевизионҳо дар як майдони футбол ва калисоҳои даҳҳо шаҳрҳои дигар намоиш дода мешавад. Дар ҷашнвораи мусиқии “Раҳпаймоии ишқ” дар ҳафтае пеш бар асари вуруди беш аз ҳадди мардум ба вурудгоҳи ҷойи ҷашн 21 нафар ҳалок ва бештар аз 500 тани дигар захмӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG