Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатти марз дар Шӯрообод таҳти назорат аст?


Тайи 6 моҳи ахир дар ноҳияи марзии Шӯрообод 8 нафар қочоқчии афғон кушта шудааст. Соли гузушта теъдоди кушташудагон ба 10 нафар мерасид. Оё ҳифозати марз пас аз 5 соли хуруҷи марзбонони рус дар кадом сатҳ аст?

Шӯрообод, яке аз чаҳор минтақа дар марзи 1400-километрии Тоҷикистон бо Афғонистон аст, ки душвортарин шароити ҳифозатро дорост. Зеро ин минтақаи кӯҳистонӣ бо кӯҳҳову таллаҳову теппаҳои зиёди ноҳамвораш душвориҳоиеро на танаҳо барои сокинонаш, балки дар ҷиҳати муҳофизати марзу бум ба бор овардааст.

Расо панҷ соли пеш, дар тобистони соли 2005, марзбонони Русия аз марзи Тоҷикистон, ки марзҳои ҷанубии кишварҳои мутаракулманофеъ маҳсуб мешавад, хориҷ шуданд. Ҳарчанд ҳифозати ин қисмати марзи давлатӣ барои тоҷикҳо душворӣ дошт, аммо муроқибати онро бар душ гирифтанд. Албатта дар ҳамон дидбонгоҳҳо ва посгоҳҳои марзӣ вале бидуни имконот ва шароити лозим. Чун марзбонони рус ба ошуфтагӣ аз ба истилоҳ «казарма»-ҳояшон берун шуданд, ки ба гуфтаи манобеъи огоҳ ва сокинони манотиқи марзӣ, на танҳо таҷҳизоту муҳимотро барои тоҷикон гузоштанд, балки баъзе чизҳоро шикаста ва таҳриб карданд. Марзбонони тоҷик чун замони ба истиқлол даст ёфтанашон бидуни меросе аз бародарони ба истилоҳ «калонӣ»-и худ монданд.

Бо ин ҳам панҷ сол боз артиши Тоҷикистон, аниқтараш марзбонони тоҷик, ҳифозати онро бар душ доранд. Ва қабл аз хуруҷи русҳо ва ҳамакнун ҳам мақомоти давлати Тоҷикистон ва марзбонон бо боварии комил мегӯянд муроқибати марзи ба истилоҳ «ҷанубии кишварҳои муштаракулманофеъ»-ро зери контрол доранд.

Дар сӯҳбати телефонӣ бо Аламхон Раҳматов, сардори қисми марзбонии минтақаи Шӯрообод низ аз ҳифозати марз пурсон шудам, ки мегӯяд, «ман сад дар сад аз ӯҳдаи муҳофизати сарҳад мебароям. На ба Русия ниёз дорам, на ба каси дигар. Аз онҳо бештар ҳифзаш дорам. Бо он қувваву маблағе, ки барои онҳо сарф мекарданд, 20 дарсади онро барои ман диҳанд, сарҳадро сад дар сад ҳифз мекунам. Ҳозир 80 дар сади сарҳадро низ дар минтақаи Шурообод тинҷ кардам. Дар муқоиса ба даврони русҳо сарҳад ором аст, марзшиканӣ нест ва ман шахсан дар сари кӯҳ истода амалиёт гузаронида истодаам. Ҳар фарди баномуси миллат бояд ватанашро ҳифз кунад ва ман вазифадор ҳастам, ки ватанамро муҳофизат кунам».

«Русҳо хуб буданд»

Аммо гузоришҳои расмӣ собит мекунад, ки ҳанӯз ҳам ҳолатҳои марзшиканӣ ва ба хусус вуруди қочоқбарони афғон ба қаламрави Тоҷикистон, ба хусус минтақаи Шӯрообод кам нашуда, балки бештар шудааст. Ин аст, ки бархе аз сокинони ноҳияҳои марзии Шӯроободу Ҳамадонии Тоҷикистон бо ҳавас дар бораи марзбонони рус ва фазои орому осудаи даврони фаъолияти онҳо сӯҳбат мекунанд.

Сангинмурод Каримов, як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ чунин мегӯяд, «аз куҷо беҳтар шудааст. Дар давраи русҳо хуб буд, ки сарҳад ором буд, амнияти мардум табмин буд. Чун афғонҳои қочоқчӣ Шуравӣ гуфта метарсиданд. Ҳоли тоҷикҳо муҳофизат карда наметавонанд. Мо мардум низ бо тарсу ҳарос зиндагӣ дорем. Сарҳадам ягон майда тинҷ нест ва афғонҳо низ омада рафтаистодаанд. Касе ҳам парво надорам. Мардум ҳам дар тарс ҳаст, ки имшаб медароянд ё шаби дигар».

Марзбонони бе чархбол

Ба ин гуфтаҳои сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Саъидмурод Мӯъминов - сокини ноҳияи Шӯрообод, то ҷое шак дорад ва мегӯяд намешавад, ҳама мушкилро бар сари марзбонони тоҷик ҳавола кард, балки барои онҳо силоҳу муҳимоти лозим бояд дод, то барои ҳимояти ватан содиқ бошанд. Саъидмурод афзуд, «албатта вазъ беҳтар шудаст.Тоҷикҳо ҳифз мекунанд, меоянд мераванд. Хело беҳтар шудаст. Марзбонони тоҷик метавонанд аз ӯҳдаи муҳофизати сарҳад бароянд. Лекин техникаи зарурии ҷангӣ надоранд. Вертолёт надоранд. Худашон мегӯянд, ки агар рафту дар ягон ғор бо қочоқбарони мусаллаҳ даргир шавем техника ва вертолёте нест, ки моро наҷот диҳад. Мумкин аст кушта шавем».

Ҳифзи марз бо чӯбу калтак?


Аҳмади Иброҳим, хабарнигори маҳаллӣ, ки борҳо дар навиштаҳояш ба баррасии масоили ҳифозати марзи Шурообод пардохтааст, ниёзи марзбонони тоҷик бо техникаву таҷҳизоти ҷангиро асосӣ медонад:

«Нодиртарин, лозимтарин таҷҳизот барои марзбонони тоҷик чархбол аст, ки мутаасифона надоранд. Магар мешавад бо чӯбу калтак бо марзшиканоне, ки аз ҳама таҷҳизоти мудерн бархӯрдоранд, мубориза кард. Бале хоҳиши марзбонони тоҷик барои муҳофизати марз ҳаст, аммо ин хоҳишҳоро бо оддитарин таҷҳизот намешавад ҷомаи амал пӯшид7 Бояд дар муқобили техника ва муҳимоте, ки қочоқбарои афғон доран андешид, баъд мешавад дар бораи мубориза бо ҷинояткорон ва қочоқчиёни афғон фикр кард».


Масъулони марзбонӣ: "Мо ба кумак ниёз дорем"

Албатта масъулони марзбонӣ, ба хусус Аламхон Раҳматов, сардори қисми марзбонии минтақаи Шурообод низ ниёз доштани марзбонон ба кумакҳои фанниро таъид мекунад, аммо на техникаи ҷангиро:

«Албатта мо ба кумак ниёз дорем. Зеро, ки казарма тахриб шудааст, агар Амрико насозад, сарбозони ман дар палатка дар фасли зимистон дар Шурообод аз хунукӣ мемуранд.Барои мо агар роҳи лаб – лаби дарё сохта шавад, палаткаҳоро дар лаб лаби дарё мемонам, дигар сарҳадшикан пояшро монда наметаонад. Якумдараҷа аз застави Баҳорак то паси деҳаи Порвор, ки 70 км аст, бояд роҳ сохта шавад, то ба осонӣ мо сарҳадбонон марзиро ҳифз кунем. Ман дар ин 35 ҳазор гектар замин роҳи мошин надорам, чи хел мешавад сарҳадро ҳифозат кунам».

Кумакҳои хориҷӣ

Ин дар ҳолест, ки масъулони сафорати Амрико дар Душанбе омодагии худро барои кумак дар барқарории роҳҳои минтақаи марзии Шӯрообод баён карданд. Ахиран низ шароити бо об таъмин кардани марзбонони дидбонгоҳи «Хирманҷо»-и ин минтақа низ бо кумаки молии ҳукумати Амркио беҳтар шуда ва аз сӯи дигар марзбонони тоҷик бо батареяҳои офтобӣ таъмин шудаанд.

Зеро Шӯрообод дар канори мантақаи кӯҳистонӣ будан, зимистони сахту сардеро дорост. Зимнан дида мешавад дар чанд соли ахир Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба унвони шарикони ёрирасон дар таъмини амният дар марзи давлатии Тоҷикистон ва тақвияти фаъолияти сохторҳои қудратии ин кишвар барои ҷилавгирӣ аз хатароти вобаста ба қочоки маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти номатлуб ҳастанд.

Дар ду соли ахир маҳз бо кумаки ҳукумати Амрико ва барномаҳои мухталифи Иттиҳоди Аврупо танҳо дар минтақаи Шӯрообод панҷ дидбонгоҳи марзӣ бозсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шудааст. Сафорати Амрико дар Душанбе низ мегӯяд, кишварашон дар маҷмӯъ барои умури марбут ба таъмини амнияти марзи Тоҷикистон ва тақвияти фаъолияти сохторҳои қудратии ин кишвар дар мубориза алайҳи қочоки маводи мухаддир дар чанд соли ахир маблағи беш аз 28 миллион доллар масраф кардаанд.

Талошҳои Русия барои бозгашт ба Тоҷикистон

Ин дар ҳолест, ки Русия ҳамеша аз амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон нигаронӣ мекунад ва мегӯяд мавориди қочоқи маводи мухаддир дар муқоиса ба даврони фаъолияти марзбонони рус дар ҳоли афзоиш будааст.

Соҳибназарон ин гуна иддаоҳои Русияро далели дубора баргаштани марзбонони рус ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон медонанд. Зеро қаблан Виктор Иванонов, раиси Хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия низ ба ин гуна ҳадаф ишораҳое карда буд. Аммо аз он ки мақомоти Душанбе дар ин замина хомӯшӣ ихтиёр кардаанд, пас рушан аст, ки худи тоҷикҳо марзу бумашонро ҳатто бо «дандон» ҳифозат хоҳанд кард ва ба эҳтимоли зиёд дигарбора ба гузоштани паи қадами марзбонони рус ба ин марз иҷоза нахоханд дод.
XS
SM
MD
LG