Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси дипломатии Бритониё ва Покистон


Изҳороти Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё, дар мавриди иртиботи ниҳодҳои давлатии Покистон бо гурӯҳҳои тундрав ва нақши он ниҳодҳо дар густариши терроризм моҷарои дипломатиеро байни ду кишвар барангехт.

Мақомоти Покистон мегӯянд, ин иттиҳомотро рад карда гуфтанд, ки баёнияи Дейвид Кемерон, дурнамои раванди сулҳ дар минтақа заъиф кардааст.

Мақомоти Покистон аз изҳороти Дейвид Кемерон, ошуфта шудаанд, ки гуфт, давлати Покистон, аз як сӯ ба густариши терроризм мусоидат мекунанд ва аз тарафи дигар мехоҳанд ба он ба ҳайси як кишвари демократӣ эҳтиром гузоранд.

Изҳороти Дейвид Кемерон, ки дар шаҳри Бангалори Ҳинд, рӯзи чаҳоршанбе 27 -уми июл садо дод, рахнаеро дар равобити дипломатии миёни Бритониё ва Покистон ба вуҷуд овард.

Дейвид Кемерон мегӯяд: “Мо хоҳони дидани Покистони нерӯманд, босубот ва демократӣ ҳастем. Вале мо таҳаммул намекунем, ки ин кишвар аз ҳар роҳе, имкон ва иҷоза бидиҳад, ки террор ё ба Ҳиндустон, ё ба Афғонистон ва ё ба ҳар ҷойи дигари ҷаҳон содир шавад“.

Дейвид Кемерон, ки бо ҳадафи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ аз Ҳинд боздид анҷом дод, чанде аз гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Толибон, шабакаи Ҳаққонӣ ва Лашкари Тайибаро ном бурд, ки ба гуфтаи мақомоти Ҳинд аз тарафи Покистон ҳимоят мешаванд:

“Доштани робита бо гурӯҳҳое, ки терроризмро густариш медиҳанд, дуруст нест. Давлатҳои озод, ки мехоҳанд, ки узви ҷаҳони тавсиаёфта бошанд, чунин намекунанд ва паёми Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё ба Покистон дар ин замина комилан рӯшан аст”.

Вокушиҳо ба суханони Кемерон

Вокуниши мақомоти Покистон ба ин изҳорот бадхашмона буд. Воҷид Шамсулҳсан сафири Покистон дар Бритониё дар мақолае, дар рӯзномаи “Гордиан”-и чопи Ландан навиштааст, ки баёнияҳои Дейвид Камерон ба дурнамои сулҳи Ҳинду Покистон садама мезанад.

Воҷид Шамсулҳсан ҳамчунин Дейвид Кемеронро ба такя ба иттилоъоти махфӣ дар бораи ҷанги Афғонистон муттаҳам кард, ки ин ҳафта дар вебсайти Вики Лик нашр шуд. Дар ин бастаи санадҳо, иддаъо мешавад, ки Ай Си Ай, Хадамоти ҷосусии Покистон, дар ҳамлаҳои фаромарзии тундравон ба Афғонистон мусоидат мекардаанд.

Воҷид Шамсулҳасан гуфтааст,:“Дейвид Кемерон ба иттилоотии бесубут” такя кардааст ва на ба фидокориҳои Покистон дар ҷанг ба зидди террор ва қурбониҳои он кишвар, ки аз соли 2001 то кунун дар ин ҷанг додааст".

Дейвид Кемерон рӯзи панҷшанбе дигарбора ба дурустии баёнияҳояш таъкид кард ва гуфт, "беҳтар аст, доир ба ин масоил ошкору самимона ҳарф занем".

Ӯ такрор кард, ки Покистон бояд барои маҳви гурӯҳҳои терористӣ, ки “фаъолияташонро ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Покистон”
Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки марказҳои террористӣ дар хориҷ аз ин кишвар ҳадаф қарор нагирифтаанд.
идома медиҳанд, бештар кор кунад.

Изҳори назари Карзай

Ба ин моҷарои дипломатӣ рӯзи панҷшанбе Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳам пайваст ва гуфт, чаро бо вуҷуди ин ҳама иттилоъот дар мавриди иртиботи Хадамоти ҷосусии Покистон бо Толибон, нерӯҳои НАТО алайҳи ҷангҷӯене, ки дар Покистон паноҳ бурда ва тамрину кӯмаки молӣ мегиранд, ҳамлаҳои бештар анҷом намедиҳанд.

Қудрати Афғонистон барои расидагӣ ба ин масъала суоли дигар аст. Ин масъалаи тавонмандии миллии мост. Мо барои ин ба қадри тавони худ, ё аз тариқи музокирот ё шеваҳои дигар саъй мекунем. Вале муттаҳидони мо, қудрати ҳамла ба паноҳгоҳҳои ҷангҷӯёнро доранд. Ҳоло суол ин аст, ки чаро онҳо иқдом намекунанд?

Ҳомиди Карзай ба хабарнигорон гуфт, ки ба ҳукуматаш дастур додааст, то бастаи иттилоъоти махфии нашркардаи Вики Ликс, бахусус дар мавриди нақши Покистон ва қурбониёни ғайринизомии ҷанги Афғонистонро мутолиа кунад. Аммо мақомоти Покистон, иттилоъот асноди махф дар бораи он кишварро рад мекунанд.

Хуршед Аҳмад, вакили мардумӣ ва муовини Ҳизби ҷамоати исломии Покистон гуфт, 90 дар сади иттилоъот дар мавриди ҳимояти Покистон аз гурӯҳҳои ифротгаро “аз хадамоти иттилоъотии Афғонистон ба даст омадааст, ки гузоришҳои он хадамот, ғайри қобили эътимод ва сохта аст”.

Хуршед Аҳмад, гуфт, такяи Дейвид Кемерон ба чунин иттилоъот “ғайриқобилиқабул” аст. Зоҳиран доир ба баҳси дипломатии Бритониё ва Покистон ҳафтаи оянда ҳарфи зиёде хоҳем шунид, зеро интизор меравад, ки ҳафтаи оянда Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон аз Бритониё боздид ва бо Дейвид Кемерон, нахуствазири ин кишвар мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG