Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйдодҳои як ҳафтаи Тоҷикистон дар оинаи матбуот


Боздошти писари собиқ додситони кулли Тоҷикистон, баъд аз 6 соли интизорӣ ба зиндон фиристодани Ёқуб Салимов ва баёнияи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ин бора, ки барои ҳимояти худу тарафдоронаш омодааст силоҳ ба даст гирад, аз мавзӯъҳои муҳими ҳафтаномаҳои Тоҷикистонанд.

Гаравгони сиёсатҳои падар

“Азия плюс” дар саҳифаи аввали худ акси Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулл ва ҳамчунин матлаберо бо номи “Боздошти додситонӣ” чоп кардааст.

Ин ҳафтанома навиштааст, Файзулло Бобохонов, писари собиқ додситони кулл, дар ҳоле ба иттиҳоми фасод боздошт гардид, ки падари ӯ низ чанд моҳ пештар аз вазифаи худ барканор шуд.

Бобоҷон Бобохонов соли 2005 фарзанди худро додситони ноҳияи Ҳисор таъйин кард, ки ба таъкиди “Азия плюс”, он муғойир бо моддаи 9-и “Қонун дар бораи коррупсия” буд. “Вале он замон ҳама сукут ихтиёр карданд”,-менависад нашрия.

“Азия плюс” дар ин матлаб ба баҳсҳои тунди миёни додситонӣ ва Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ҳам ишора кардааст, ки дар гузашта дар садри аввалӣ Бобоҷон Бобохонов ва дар садри дуввумӣ Шерхон Салимзода ва ҳоло додситони кулл меистод. Ҳафтанома мегӯяд, “шояд Салимзода мехоҳад бо ин кори худ аз Бобохонов қасос бигирад”.

Вале Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳур гуфтааст, “Салимзода ҳирфаӣ аст ва ӯ шахсе нест, ки дар пайи ситонидани ниқор бошад.”

Ҳафтаномаи “Пайкон” навиштааст, ки агар худи Бобохонов дар симмати додситони кулл побарҷо мебуд, касе ҳозир намешуд, ки фарзанди ӯро ба ин шева радди маърака кунад.

“Нигоҳ” низ дар ин бора матлаберо чоп карда, онро “Шикори филбачаҳо” номидааст. Нашрия дар саҳифаҳои худ акси Раҳмон Набиев, Маҳмадназар Солеҳов, Мирзо Зиёев, Бобоҷон Бобохоновро чоп карда, дар қатори онҳо як аломати саволро гузоштааст, ки маънии “акнун навбати кист”-ро дорад.

Ин нашрия ҳамчунин гуфтааст, “фарзандони мансабдорон гаравгони сиёсатҳои падари худанд.”

Ҳафтаномаи “СССР” бошад, боздошти Файзулло Бобохоновро “сенсатсияи навбатӣ” хондааст. Вале дар як назархоҳии “Озодагон” коршинос Зафари Мирзоён гуфтааст, ки “таъйин шудани фарзанди афроди мансабдор ба вазифаҳое, ки эшон лоиқ нестанд, оқилона нест.”

Ёқуб дигар безарар аст?

Ёқуб Салимов ва 6 соли интизории ӯ дар боздоштгоҳ низ баҳсҳоеро дар матбуоти Тоҷикистон ба по кардааст. Агар иддае аз ин иқдом пуштибонӣ карда бошанд, иддае дигар суол кардаанд, ки агар оқои Салимовро аз зиндон раҳо кунанд, чӣ мешавад.

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон гуфтааст, “ӯ барои низоми сиёсии кишвар дигар хатар надорад ва мо метавонем ӯро раҳо кунем.”

Ҳафтаномаи “Фараж” навиштааст, бо вуҷуди ин ки хабари ба зиндон мунтақил шудани Ёқуб Салимов садо дод, ҳанӯз иҷро нашудааст.
Аммо навиштааст “Фараж”, “агар воқеан собиқ вазири умури дохилӣ ба маҳбас гузаронида шавад, пас, саволе ба миён меояд: масъулоне, ки то имрӯз ҷомеаро итминон доданӣ мешуданд, ки нигоҳдории ӯ дар боздоштгоҳ қонунӣ буд, имрӯз чӣ далеле пеш меоранд?”

“Ба ман нарас, ба ту намерасам?”

Дар пайи ин, Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ раҳбари шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар Рашт низ дубора дар сархатти расонаҳои чопии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Тақрибан ҳамаи нашрияҳои кишвар баёнияи Аҳмадовро дар ин бора, ки барои ҳимояти худ ва ҷонибдоронаш омода аст, силоҳ ба даст гирад, дар саҳифаҳои худ ҷо додаанд.

Оқои Аҳмадов ба нашрияҳо гуфтааст, ҳоло онҳо ба кори замин машғуланд ва касе ҳам онҳоро барои пурсуҷӯ даъват накардааст. Вале гуфтааст ӯ, дар сурате, ки мақомот алайҳи онҳо иқдом кунанд, онҳо низ хомӯш нахоҳанд истод.

“Қатли рӯзи бедорӣ”

“Миллат” аз тавсифи пайваста ва гоҳо бемавқеъи раисиҷумҳур ҳангоми сафарҳояш ба вилоятҳои Суғду Бадахшон танқид карда, онро заъфи телевизионҳои кишвар донистааст.

Муаллифи матлаб гуфтааст, “маълум нест, ки чунин тарғиби раисиҷумҳур хости худи ӯст ва ё садоқатмандии дастандаркорони телевизион аст, вале ба ҳар ҳол, чунин шакли таблиғ дар ҳоле ки мардум мушкили зиёде доранд, чандон мантиқӣ нест.”

Мушкили вагонҳову роҳи пулакӣ низ ҳанӯз сӯҳбати аҳли матбуотро гарм нигоҳ медоранд. Ин ҳафта нашрияҳо посухи вазири роҳу мухобиротро дар бораи сирри тиҷоратӣ будани муассиси ширкати IRS, ки ҳоло ба чидани пули роҳ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд машғул аст, нашр кардаанд.

Аз ҷумла, ҳафтаномаи “Фараж” ба нақли қавл аз вазири нақлиёт гуфтааст, “касе, ки ин сирро ошкор мекунад, ҷарима хоҳад шуд.”

“Озодагон” бошад, тағйири рӯзи таҷлили забони тоҷикиро “Қатли рӯзи бедорӣ” номидааст. Муаллифи ин матлаб тағйири рӯзи ҷашни забони тоҷикиро аз 22-юми ба 5-уми октябр таҳриф хонда, гуфтааст, “мутмаинам, ки 22-юми июл ҳамчун рӯзи забони тоҷикӣ ва 5-уми октябр ҳамчун зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон дар таъхрих боқӣ мемонад.”
XS
SM
MD
LG