Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғайб задани як вакили мудофеъ дар Эрон


Созмони Афви байналмилалӣ хабар дод, ки вакили мудофеъи зане, ки дар Эрон маҳкум ба сангсор шудааст, ғайб зада ва ду тан аз пайвандони ӯ боздошт шудаанд. Вакили мудофеъ Муҳаммад Мустафоӣ дар эҷоди мавҷи эътирозҳои хашмолуди байналмилалӣ алайҳи сангсор мусоидат карда буд.
Дар авоили моҳи июл, мақомоти Эрон гуфтанд, ки ҳукми сангсор дар қиболи Сокина Муҳаммадии Аштиёнӣ иҷро нахоҳад шуд, вале ин ҳукм лағв ҳам намешавад. Афви байналмилалӣ мегӯяд, Мустафоиро рӯзи шанбе дар зиндони Эвини Теҳрон бозпурсӣ ва сипас бо дархости бозгашт барои идомаи бозпурсӣ раҳо карданд. Маълум нест, ки ӯ ҳоло дар куҷост?
XS
SM
MD
LG