Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурӯғи маслиҳатомез беҳ зи рости фитнаангез?


Аксари мусоҳибони мо - ҷавонони тоҷик бар ин назаранад, ки дурӯғи маслиҳатомез беҳ аз рости фитнаангез аст. Онҳо мегӯянд, дар баъзе ҳолат истифодаи сухани дурӯғ шахсро аз ҳолатҳои ногувор раҳо месозад ва муносиботи дӯстонаро ҳифз мекунад.

Аз ин рӯ аксари онҳо маъмулан ба хотири наранҷонидани наздикон ё ёру дӯстон иқрор мешаванд, ки дар як рӯз то чанд маротиба дурӯғ мегӯянд. Аммо бисёриҳо дурӯғҳои маъмулии худро ба гурӯҳи дурӯғҳои хурду ночиз шомил мекунанд ва аз он ки рост нагуфтаанд, пушаймон намешаванд.

Маҳбуби Ганҷаалӣ рӯзноманигори ҷавон мегӯяд, дурӯғ бояд бошад, зеро баъзе ҳолатҳое ба миён меоянд, ки фиреб накардан ғайри имкон мешавад:

«Барои мисол, ман ба як бародарам бояд ҳар ҳафта маводи тарҷума кардаамро супорам. Ҳафтаи гузашта ман ба Файзобод рафтам ва ӯ ба ман зиёд занг зад ва ман гушиамро набардоштам. Вақте омадам, пурсид. Гуфтам, ки гушиамро дар Душанбе фаромуш кардам. Агар ҳамон вақт гушиамро мебардоштам, шояд ҷанҷоли сахт мекард ва ман аз ҳамкорӣ бо ин лоиҳа даст мекашидам. Аммо ин сухани ман ӯро ором кард ва корамонро чун маъмул идома медиҳем.»

Дурӯғ – баҳонаи мувофиқ?

Ҷавонон одатан ба ҳангоми ба мулоқот дер кардан дурӯғ мегуфтаанд, ки маконашон аз ҷойи маслиҳатшуда чандон дур нест ва ба зудтарин фурсат хоҳанд расид. Бархе аз духтарҳо волидонашонро фиреб медиҳанд, ки ба хонаи дугонаашон рафтаанд, аммо дар асл метавонанд бо дӯстонашон ба сайругашти кӯчаву хиёбонҳо бароянд.

Ва ё гурӯҳи дигар бо роҳҳои гуногун аз волидонашон маблағ мегиранд, то онро сарфи хостаҳои худ бикунанд. Ҳамин тавр бисёриҳо бо сабабҳои мухталиф дурӯғ мегӯянд ва мекӯшанд то ба охир вазъро зери контрол нигоҳ доранд, то ин ки ҳақиқат ошкор нашавад.

Зарари дурӯғгӯӣ

Аброр, мусоҳиби дигари 29-солаам, низ фиребро намеписандад, медонад ки дурӯғ гуфтан хуб нест ва ҳатто бар тибқи боварҳо ризқро кам ва баракати зиндагиро аз байн мебарад. Аммо бо ин вуҷуд баъзан вобаста ба вазъият ба қавли худаш маҷбур мешавад атрофиёнро фиреб кунад:

«Ман ҳамавақт дурӯғ намегӯям, дар мавриде кор дорам ва хоҳиши дигаронро иҷро карда наметавонам дурӯғ мегӯям. Барои мисол мегӯянд, ки шумо шиноси зиёд доред фалон кори моро иҷро кунед. Ман агар натавонам, мегӯям, ки шиносам ба хориҷа рафтааст, агар мебуд, ҳатман метавонистам кори шуморо анҷом диҳам. Ҳам шахси муроҷиаткунанда хафа намешавад ва ҳам бовариаш аз ман кам намешавад».

Фирӯза Ҳабибулоева ҷавони дигар мегӯяд, ҳеҷ гоҳ нафареро дар зиндагӣ фиреб накардааст ва дурӯғ гуфтанро хислати бадтарини инсонӣ арзёбӣ мекунад. Аммо будаанд ҳолатҳое ки худашро мавриди фиреб қарор додаанд:

«Вақте маро фиреб медиҳанд ман асабӣ мешавам ва то ҳадди имкон кӯшиш мекунам муносибатҳоямро бо нафари дурӯғгӯй маҳдуд кунам».

Нишонаҳои дурӯғгӯ

Равоншиносон мегӯянд, дурӯғро низ на ҳама метавонад чунон бигӯяд, ки ба он одамон эътимод бикунанд. Маъмулан дурӯғи инсонро аз назари мантиқ ҳолати руҳӣ ва садои гӯянда метавон ошкор кард. Аслиддин дар ин замина мегӯяд, аз ҳамин хотир тавассути телефон дурӯғ гуфтан барояш осонтар аст:

«Агар ман дурӯғ гуфтам, ҳолати зоҳирам маро зуд фош мекунад. Чун ки ман суп-сурх мешавам...»

Дурӯғ баъзан бо ҳадафи ба даст овардани манфиат ё нигоҳ доштани эътимоди атрофиён ба кас гуфта мешавад. Равоншинос Наим Маҳмадулоев мегӯяд, нафарони фиребгар дар бисёр ҳолат ба ҳадафҳои кӯчаки худ мерасанд, аммо на ба мақсадҳои ниҳоӣ, чун маъмулан умри дурӯғ кӯтоҳ аст.

Афзоиши дурӯғгӯён

Ҷомеашиносон мегӯянд, ахиран дурӯғ гуфтан дар миёни ҷавонон зиёд ба назар мерасад, ки ин хеле одати бад буда, як иллати аслии он бемасъулиятӣ аст. Дурӯғ гуфтан дар ҳолатҳои сахт истисноӣ бахшиданӣ аст, аммо бо ин вуҷуд сухани рост арзиши баландтар дорад, мегӯяд Барно Султонова ҷомеъашинос. Хонум Султонова афзуд, дар бисёр ҳолат дурӯғ чун нишони беэҳтиромӣ ва нописандӣ ба шахс ҳам қабул мешавад:

«Дурӯғ ҳатто аз хиёнат вазнинтар аст. Баъзе инсонҳо хиёнатро мебахшанд, аммо дурӯғро не! Вақте шумо рост мегӯед, дар куҷое набошад як эътимоду боварӣ нисбат ба шумо пайдо мешавад. Одатан дар ҷойи кор вазифаи ҷиддиро ба нафарони ростқавлу росткирдор месупоранд».

Шахсе, ки чун дурӯғгӯй маъруф мешавад, нуфузашро дар ҷомеъа ва эътимоду боварии атрофиёнро аз даст медиҳад. Одатан чунин нафарон дӯстони воқеъии кам доранд ва сухани онҳо барои атрофиён камарзиш мешавад. Дар муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, низ атрофиён аз онҳо дурӣ меҷӯянд, чун ба ростии қавлу кирдорашон бовар намекунанд. Ин дар ҳолест, ки эътимоди наздикон ба кас болу пар мебахшад ва асос ба пешарвиҳои инсон мешавад.
XS
SM
MD
LG