Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳкиро дар нақлиёти шаҳри Душанбе боло меравад


Хабаргузории "Авеста" аз номи Абдуҳомид Шералиев-раиси муассисаи "Душанбенақлиётхизматрасон" гуфтааст, дар ояндаи наздик нархи кирояи роҳ дар нақлиёти мусофирбарии пойтахт 25 дарсад боло хоҳад рафт. Ба гуфтаи вай, масъалаи боло бурдани роҳкиро дар сохторҳои шаҳрдорӣ баррасӣ шудааст ва ҳоло ин пешниҳодро идораву вазоратхонаҳои зидахли Тоҷикистон меомӯзанд. Шералиев мегӯяд, нархи маводи сӯхт ва рӯғанҳои молиданӣ боло рафтааст ва вай истисно намедонад, ки ин пешниҳод ба тасвиб хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG