Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беларус бо UNHCR мувофиқатномаи ҳамкорӣ имзо мекунад


Интизор меравад, ки Беларус ва дафтари Коммиссариати Олии СММ дар умури паноҳандагон ё UNHCR дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба ва дар бораи мақоми расмии UNHCR дар Минск мувофиқатномае имзо кунанд. Ин мувофиқатнома дар ҷараёни боздиди Антонио Гутеррес-раиси UNHCR имзо мешавад. Қарор аст дар ҷараёни ин боздид Антонио Гутеррес бо Александр Лукашенко-раиси ҷумҳур, бо Сергей Мартинов-вазири корҳои хориҷаи Беларус ва шуморе аз созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG