Бино ба иттилои хабаргузории "Авеста", дар натиҷаи як ҳодисаи нақлиётӣ дар Кӯлоб 4 нафар кушта, 13 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Ин ҳодиса дар наздикиии деҳаи Зиракии Кӯлоб рух додааст. Автомашинаи мусофирбарии "Газел", ки онро ронанда Ҳусейн Маҳмудов идора мекард, ба 10 метр чуқурӣ сарозер шудааст. Аз афроди кушташуда ном бурда намешавад.