Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиқи таваллуди бештар дар Эрон


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барномаи нави давлаташро муаррифӣ кард, ки ба афзоиши ҷамъияти Эрон ташвиқ кардани мардумро ба ҳадаф дорад. Бино ба хабарҳо, ин барнома пардохти маблағ барои ҳар кӯдаки навзод ба хонаводаҳо ва боз кардани суратҳисоби вижа барои ҳар навзодро, ки баъд аз 18-сола шуданаш дар дастраси ӯ қарор хоҳад гирифт, дар назар дорад. Вале бо онки давлати Эрон дар эҳдоси ҳатто барномаҳои зербиноияш ба мушкили молӣ дучор шудааст, маълум нест, ки барномаи ташвиқи таваллуди бештар дар Эрон аз кадом ҳисоб таъмини молӣ хоҳад шуд.
Ҷамъияти Эрон феълан 75 миллион нафар аст, вале Аҳмадинажод қаблан гуфта буд, ки Эрон то 150 миллион нафарро метавонад таъмин кунад.
XS
SM
MD
LG