Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти нозирони ИА дар Гурҷистон тамдид шуд


Дар ҳамин ҳол, ИА замони маъмурияти ҳайъати нозиронашро, ки ҷараёни мурооти оташбас дар марзи Гурҷистон бо Абхозистону Осетияи ҷанубиро назорат мебаранд, то моҳи сентябри соли 2011 тамдид кард. Ин ҳайъат дар пайи ҷанги кӯтоҳи соли 2008 байни Гурҷистону Русия дар ин манотиқ мустақар шудааст. Ин яке аз бузургтарин ҳайъатҳои амниятии ИА дар хориҷ буда, 225 нозирро дар бар мегирад.
Гурҷистон аз тамдиди замони маъмурияти нозирони ИА истиқбол карда, нақши ин ҳайъатро дар пешгирӣ аз хушунатҳои бештар калидӣ номид.
XS
SM
MD
LG