Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости кӯмак ба Қирғизистон ба тасвиб расид


Кишварҳои кӯмаккунанда дар конфронсе дар Бишкек дархости Қирғизистонро дар бораи кӯмак ба ин кишвар дар бозсозии харобиҳои муноқишаҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон ба тасвиб расонданд. Қирғизистон баъд аз муноқишаҳои қавмии моҳи гузашта дар ин кишвар барои бозсозӣ 1 миллиарду 200 миллион доллар кӯмак дархост кардааст. Вале аз ин дархост 1 миллиарду 100 миллион доллар ба тасвиб расид. Дар даргириҳои миёни қирғизҳову узбакҳо дар моҳи гузашта дар ҷануби Қирғизистон дастикам 316 нафар кушта шудаанд. Нооромиҳои қавмӣ ба иқтисоди ин кишвари ақибмонда зарари ҷиддӣ расондааст. Кишварҳои кӯмаккунанда бояд ин дархости Қирғизистонро ба тасвиб расонанд.
XS
SM
MD
LG