Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 2 сокини Суғд дар Русия таъйид шуд


Раёсати дохилаи вилояти Суғд мегӯяд, 2 сокини ин вилоятро пулиси Русия боздошт кардааст. Бино ба дархости ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон, ин ду нафар барои ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрав, аз ҷумла Ҳаракати Исломии Узбакистон дар ҷустуҷӯи байнидавлатӣ қарор доштаанд. Рауф Юсупов-раҳбари идораи пулиси вилояти Суғд дар ин бора гуфт:

"Ду нафаре, ки ба ҳамин гурӯҳҳо шомил буданду ҷавононро дар муҳоҷирати корӣ ба ҳамин гурӯҳҳо ҷалб мекарданд, бо дархости вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дастгир шудаанд ва ҳоло масъалаи экстрадитсия ҳалу фасли худро наёфтааст".

Тибқи маълумоти генерал Юсупов, ҳоло 41 нафар сокинони вилояти Суғд барои ҳамкорӣ бо созмонҳои тундрави исломӣ , аз ҷумла Ҳаракати Исломии Узбакистон гунаҳгор эълон шудаанд ва таҳти пайгарди нируҳои интизомӣ қарор доранд.
XS
SM
MD
LG