Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Аврупо алайҳи Эрон ва вокунишҳо ба он


Ҳамзамон бо маҳкум кардани тарҳимҳои нав Эрон гуфтааст, омодааст, гуфтушуниди марбут ба табодули сӯхти ҳастаиро, ки яке аз роҳҳои қатъи ғанисозии ураниум дар Эрон шумурда мешавад, аз сар бигирад.

Дар ин бора Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атомии Ҷумҳурии Исломӣ рӯзи душанбе хабар дод ва ба созишномае ишора кард, ки бо миёнаравии Бразилия ва Туркия рӯзи 17-уми май дар Теҳрон ба имзо расида буд.

Дар ҳоле ки Эрон таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупоро маҳкум кардааст, Русия низ онҳоро ҳадафи танқид қарор дод. Дар изҳороти Вазорати умури хориҷии Русия гуфта мешавад, таҳримҳои нав талошҳои байнулмилалии ҳалли баҳси ҳастаии Эронро халалдор мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳамкориҳои Русия ва Эрон дар эҳдоси нерӯгоҳи ҳастаии Бушер аз ин таҳримҳо истисно шудааст.

"Таҳрим ба манзури аз саргирии музокирот"

Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе феҳрасти таҳримҳои нави зидди Эронро ба тавсиб расонд, ки шабеҳ ба таҳримҳои ахири Иёлоти Муттаҳида буда, бар таҳримҳои ахири Шӯрои Амнияти Созмони Милал асос ёфтаанд.

Шоми душанбе, Канада низ аз ҷорӣ шудани як силсила таҳримҳои нави алайҳи Эрон хабар дод. Ҳамаи ин таҳримҳо ҳамкориҳои хориҷии Эронро дар иқтисодиёт, тиҷорат, фанновариҳои нав ва сармоягузорӣ ба риштаҳои нафту газ, саноати мушакӣ ва ҳастаии Эронро ба маротиб маҳдудтар ва дар баъзе ҳолат мамнӯъ мекунад.

Сарпарасти Вазорати умури хориҷии Белгия, Стивен Ванакре имрӯз дар Бруссел ба хабарнигорон гуфт:

"Мо мехоҳем Эронро водор кунем, ки ба сари мизи гуфтушунид баргардад. Ин мавзеъгирии маълуми мост, ки бо муколама мушкилро
Алиасғар Султония, намояндаи Эрон дар Ожонси байналмиллалии энержии ҳастаӣ
ҳал кунем. Вале ҳамзамон ва аз он ҷо ки ин як раванди дугона аст, агар муколама номумкин аст, таҳримҳо метавонанд зарур бошанд."

"Музкирот оғоз шавад ҳам, гумон аст натиҷа диҳад"

Доктор Расули Нафисӣ, утсоди ҷомеашиносӣ дар Донишгоҳи Стрейери Вирҷинияи Иёлоти Муттаҳида, вокуниши Эронро ба таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо ин гуна шарҳ медиҳад:

“Бо вуҷуди ин мегӯяд, доктор Нафисӣ, гумон аст, аз музокироти нав натиҷае ба даст ояд, зеро Эрон гуфтушунидро ба дарсади ғанисозии ураниум бастагӣ медиҳаду қудратҳои ҷаҳонӣ куллан ба барномаи ҳастаӣ ва қасди Эрон асосан кашол додани вақт будааст”.

Аммо бархе аз коршиносони дигар бо ишора ба сангинии таҳримҳои нав мегӯянд, ин бор фишор ба Эрон ба маротиб қавитар хоҳад буд.

Чунончӣ, фурӯш ва интиқоли таҷҳизот ва фанновариҳои энержӣ, истифода аз ниҳодҳои давлатии иқтисодии Эрон дар додуситад, воридоти бензин ва дигар фуровардаҳои нафтӣ ва он ҳам дар ҳоле, ки Эрон маҷбур аст, то 40 дарсади ин фуровардаҳоро аз хориҷ бигирад, ҳамлу нақли ҳавоӣ, ба истиснои мусофиркашонӣ, ин ҳама ба вазъи Эрон таъсири амиқ хоҳанд дошт.

Аз сӯе ҳам гуфта мешавад, боқӣ мондани гузинаи ҳарбӣ барои фишор ба Эрон, шояд марҳилае наверо дар баҳсҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эрон оғоз гузорад.
XS
SM
MD
LG