Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримоти шадидтари ИА ва Канада бар зидди Эрон


Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Канада дирӯз ҳар кадом ба сурати алоҳида алайҳи Теҳрон таҳримоти шадидтар ҷорӣ карданд. Ин таҳримот алайҳи тиҷорати хориҷиву бонкдорӣ ва соҳоти энержии Эрон буда, тадобире, чун пешгирӣ аз муомила бо бонкҳои Эрон ва ҷилавгирӣ аз сармоягузорӣ ба риштаҳои нафту гази он кишвар, аз ҷумла ба соҳаи тасфияи нафтро дар бар мегирад.
Вазирони хориҷа ва дороии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ва Тимотӣ Гейтнер аз иқдомоти, ба гуфтаи онҳо, “қавӣ”-и ИА ва Канада алайҳи Теҳрон истиқбол карданд. Алиасғар Султония, фиристодаи Эрон дар Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ аммо ба дунбол гуфт, ки Теҳрон омода буд “бидуни қайду шарт” ба музокироти таъмини маводи сӯхташ баргардад.
XS
SM
MD
LG