Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши бароварди зиёни нашри асноди ҷанги Афғонистон


Вошингтон мегӯяд, асноди махфии нашршуда дар сомонаи WikiLeaks исмҳо, амалиётҳо ва манобеъи дахил дар ҷанги таҳти раҳбарии Амрико дар Афғонистонро боз мекунад.
Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, ифшои чунин маълумот хисорот дар пай дошта, “изтиробовар“ аст.
Вазорати дифоъи Амрико афзуд, ки талош дорад, мизони зиёни расида дар натиҷаи нашри 91 000 санади марбут ба ҷанги Афғонистонро арзёбӣ кунад. Гуфта мешавад, ин аснод мавориди нашрнашуда дар бораи ҳалокати афғонҳои осоишта ва ҳам амалиётҳои нирӯҳои вижаи Амрико алайҳи раҳбарони Толибонро дар бар мегирад. Як санади дигар аз ин ҷумла пиромуни мулоқоти як мақоми иктишофии Покистон бо чирикиҳост.
XS
SM
MD
LG