Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзи Тоҷикистон қариб 1,8 миллиард доллар шудааст


Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ ба тақрибан 82 миллион доллари дигар афзуда, то 1 июл ба 1 миллиарду 773 миллион доллар наздик шудааст. Қарзи бештари Душанбе аз Чин буда, 655 миллион долларро ташкил медиҳад. Қарзи Бонки ҷаҳонӣ - 373 миллион ва вомҳои Бонки Осиёии рушд – 315 миллион доллар шудааст. Дар маҷмӯъ, қариб 80 дарсади қарзҳои Тоҷикистон аз Чин ва ҳамин ду ниҳоди байналмилалии молист. Имсол барои пардохти як қисми қарзҳо ва фоизи вомҳои боқимонда дар будҷаи давлатии Тоҷикистон 162 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
XS
SM
MD
LG