Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул мегӯяд, 45 ғайринизомӣ аз оташи НАТО кушта шудаанд


Ҳукумати Афғонистон имрӯз гуфт, бар асари як ҳамлаи мушакии нерӯҳои хориҷии таҳти сарварии НАТО дар ҳафтаи гузашта дар Ҳилманд, ҷануби Афғонистон, 45 шаҳрванди осоишта, аксаран занону кӯдакон кушта шудаанд. Сухангӯи ҳукумат, Сиёмак Ҳиравӣ гуфт, ҳодиса рӯзи ҷумъа дар минтақаи Сангини Ҳилманд, дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки шаҳрвандони осоишта бо фирор аз маҳалли даргириии нерӯҳои НАТО ва ошӯбгарон дар як хона ҷамъ омадаанд. Сухангӯи нерӯҳои байнулмилалӣ гуфт, нерӯҳои НАТО рӯзи ҷумъа дар ин минтақа бо ошӯбгарон даргир шуданд ва ҳоло таҳқиқи ҳалокати шаҳрвандони осоишта идома дорад.
XS
SM
MD
LG