Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои нашри ҳуҷҷатҳои махфии ҷанги Афғонистон


Бунёдгузори торнамои ифшогари "WikiLeaks", ки зиёда аз 90 000 санади махфии марбут ба ҷанги Афғонистонро нашр кардааст, мегӯяд, зоҳиран ин мавод исботи ҷиноятҳои ҳарбии зидди мардуми Афғонистон аст. Ҷулиан Ассанйе баъд аз интишори ин мавод дар нашрияҳои амрикоии "The New York Times," бритониёии "The Guardian" ва олмонии "Der Spiegel" дар нишасти хабарӣ дар Лондон гуфт:

"Дар ниҳояти амр ин кори додгоҳ аст, рӯшан кунад, ки инҳо ҷиноятанд ё не. Дар нигоҳи аввал, дида мешавад, ки ин мавод асноди ҷиноятҳои ҳарбӣ мавҷуд аст."


Паймони Атлантики Шимолӣ, Вошингтон, Бритониё ва Покистон ҳамагӣ нашри ин аснодро маҳкум карданд. Мушовири амнияти миллии Амрико гуфт, нашри ин маълумот метавонад ҳаёти афродро зери хатар гузошта, ба амнияти миллӣ таҳдид кунад. Гуфта мешавад, ин аснод аз қатли гузоришнашудаи аҳолии осоишта дар Афғонистон ва амалиётҳои махфии нирӯҳои вижаи Амрико алайҳи раҳбарони Толибон ҳикоят мекунанд. Дар яке аз онҳо сухан аз ширкати собиқ афсари аршади хадамоти ҷосусии Покистон дар ҷаласаи ошӯбгарон меравад.
XS
SM
MD
LG