Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико нашри асноди ҷанги Афғонистонро маҳкум кард


Амрико ифшои иттилооти ахири марбут ба ҷанги Афғонистонро шадидан маҳкум кард. Ҷеймс Ҷонс, мушовири амнияти миллӣ гуфт, ки ин амр метавонад ҳаёти афродро зери хатар гузошта, ба амнияти миллӣ таҳдид кунад. Тақрибан 92 000 санади низомии Амрико марбут ба ҷанг дар Афғонистонро созмони Wikileaks, ки махсуси ҷустуҷӯ ва нашри "матолиби ҳассос" аст, ифшо кардаву ин аснодро Тhe New York нашр кард. Ин аснодро ҳамин тавр чанд ҳафта қабл дар ихтиёри нашрияҳои бритониёии The Guardian ва олмонии Der Spiegel ҳам гузоштаанд, вале ба ин шарт, ки то рӯзи якшанбе нашр накунанд. Гуфта мешавад, ин аснод аз ҷумла роҷеъ ба қатлҳои нашрнашудаи афроди ғайринизомӣ дар Афғонистон ва ҳам амалиётҳои махфии нирӯҳои вижаи Амрико алайҳи раҳбарони Толибон аст.
XS
SM
MD
LG