Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ду номзади Тоҷикистон ба феҳрасти ЮНЕСКО

Дирӯз дар пойтахти Бразилия иҷлоси Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, идораи илму фарҳанги СММ ба кори худ оғоз кард. Як мавзӯъи асосии ин иҷлоси 10-рӯза такмили Феҳрасти мероси ҷаҳонӣ бо ёдгориҳои нави фарҳангиву табиист.
Имсол ба ин феҳраст 32 ёдгорӣ, бо шумули 24 минтақаи фарҳангӣ, 6 мавзеъи табиӣ ва 2 мавзеъи омехта, пешниҳод шудаанд. Тоҷикистон имсол ба ин рӯйхат боғи миллӣ ва кӯҳистони Помир ва Эрон- бозори таърихии Табрезро пешниҳод кардаанд. Соли гузашта феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО бо 13 мавзеъи ҷадид такмил шуд. Феълан ин рӯйхат 890 ёдгории фарҳангиву табииро дар бар мегирад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Насрин Сутуда ба гуруснанишинӣ дар зиндон хотима додааст

Насрин Сутуда

Насрин Сутуда, фаъоли ҳуқуқи башари зиндонӣ дар Эрон, ба гуруснанишинӣ хотима додааст. Ҳамсараш Ризо Хандон рӯзи шанбе тавассути расонаҳои иҷтимоӣ гуфт, Сутуда барои вазъияти ҳассоси саломатӣ ба эътисоби ғизо поён бахшид.

Ӯ рӯзи 11-уми август дар зиндони Эвини Теҳрон эътисоби ғизо эълон кард. Насрин Сутуда эътироз дорад, ки маҳбусони сиёсӣ дар Эрон бо хатари гирифтор шудан ба вируси корона рӯ ба рӯ ҳастанд.

Вайро ба хотири вазъи бади саломатӣ 19-уми сентябр ба шифохона бурданд, вале чаҳор рӯз баъд дубора дар зиндон ҷой карданд, ки ин амал вокунишҳои ҷиддиро дар пай дошт.

Хонум Сутуда дар моҳи июни соли 2018 дар хонааш боздошт шуд Ӯ ба иттиҳоми дифоъ аз маҳбусони сиёсӣ, ки дар байни онҳо занони норозӣ аз ҳиҷоби маҷбурӣ ҳам ҳастанд, ба беш аз 38 сол ҳабс ва 148 шаллоқ маҳкум шудааст. Ӯ бояд 12 соли ҳабсро сипарӣ кунад, то шароити озодӣ бо замонат барояш фароҳам шавад.

Рӯзи мотам дар Украина. Теъдоди қурбониён ба 26 кас расид

Ҳодиса шаби 25-уми сентябр рӯй додааст

Шумори қурбониёни суқути як ҳавопаймои низомӣ дар Украина ба 26 нафар расид. Ҳавопаймои АН-26-и мутааллиқ ба артиши Украина шоми гузашта ҳангоми нишастан дар Харков, минтақае дар шимолу шарқи ин кишвар, суқут кард.

Мақомот гуфтанд, яке аз саринишинон пеш аз нишастан дар мавриди вайрон шудани муҳаррики ҳавопаймо хабар дода буд. Дар аввал гуфта шуда буд, ки ду нафар дар ин ҳодиса захмӣ шуда, ба бемористон интиқол ёфтанд, дертар хабари марги яке аз онҳо нашр шуд.

Артиши Украина гуфт, ки бисёре аз қурбониён донишҷӯёни Донишгоҳи ҳарбӣ буданд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, 26-уми сентябрро рӯзи мотам эълон кард ва дастур дод, то поёни таҳқиқи ҳодиса парвозҳои ҳавопаймои АН-26-ро боздоранд.

Зеленский рӯзи шанбе дар ҷойи ҳодиса хостори таҳқиқи пурра дар ин замина шуд ва нахуствазири Украина ҳам дастур дод, то 25-уми октябр гузориши расмиро дар бораи суқути ҳавопаймо пешниҳод кунанд.

Идомаи эътирозҳо ба зидди Александр Лукашенко дар Белорус

Тазоҳурот дар шаҳри Минск, 26-уми сентябри 2020

Рӯзи 26-уми сентябр эътирозҳо ба зидди Александр Лукашенко дар Белорус идома кард. Лукашенко як моҳ пеш худро барандаи интихоботи президентӣ эълон кард, дар ҳоле ки дар бораи тақаллуби афзун дар ин маъаркаи сиёсӣ гузориш шудааст.

Дар тазоҳуроти рӯзи шанбе дар маркази Минск бештар занҳо ҷамъ омаданд. Бино ба гузориши бахши белорусии Радиои Озодӣ, пулиси зидди шӯриш дастикам даҳ касро дастгир кардааст. Дар миёни онҳо Нина Баҳинскаяи 73-сола низ ҳаст.

Бино ба гузоришҳо, тазоҳурот дар минтақаҳои дигари Белорус баргузор шудааст. Ин иқдом пас аз он сурат мегирад, ки Александр Лукашенко рӯзи 23-юми сентябр дар як шароити мармуз савганд ёд кард.

Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфтанд, Лукашенкоро ҳамчун раҳбари қонунии Белорус эътироф намекунанд. Тасмиме, ки Русия онро танқид кард.

Светлана Тихановская, ки феълан дар Литва аст ва бисёриҳо ӯро барандаи интихоботи рӯзи 9-уми август медонанд, аз белорусиҳо хост, 27-уми сентябр барои "ҳадафҳои нав, интихоботи ростин ва, дар ниҳоят, маросими қонунии савгандёдкунӣ" тазоҳурот кунанд.

Фавти боз як нафари дигар аз бемории COVID-19 дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Марги боз як нафари дигар аз коронавируси нав дар Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Вазорати тандурустӣ рӯзи 26-уми сентябр гуфт, шумораи умумии ҷонбохтагон аз бемории ҳамагир дар кишвар ба 75 нафар расид.

Дар шабонарӯзи гузашта 43 мавриди нави сирояти COVID-19 ба сокинон сабт шудааст. Аз охири моҳи апрел то 26-уми сентябр шумораи гирифторони коронавируси нав ба 9605 нафар расида, 8385 кас ё 87,3 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

"Шабонарӯзи охир 97 гумонбар зери назорати табибон қарор дошта, 44 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", -- гуфтанд дар Вазорати тандурустӣ.

Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад.

Аз замони оғози паҳншавии вируси нав дар Чин дар соли гузашта то ҳол бар асоси омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико теъдоди беморон дар ҷаҳон ба беш аз 32 миллиону 400 ҳазор нафар расида, ҳадди ақал 985 ҳазор нафар аз ин вирус ҷон додаанд. Интизор меравад, ин омор бештар шавад.

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 25-уми сентябр гуфт, барои сохтани ваксинаи коромад ба ин вирус ҳанӯз моҳҳо зарур аст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия чӣ гузашт? Шарҳи расмӣ баъд аз ду рӯзи ҳодиса

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Русия

Сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 26-уми сентябр тасдиқ кард, ки як кормандашро дар дохили бинои сафорат задаанд.

Масъулони сафорат дар баёянияи расмӣ дар Фейсбук гуфтанд, ҳодиса ду рӯз пеш, ҳангоми қабули аризаҳои шаҳрвандон барои баррасӣ ва шомил кардани онҳо ба рӯйхати талабгорони бозгашт ба ватан иттифоқ уфтод.

Дар натиҷа, ба иттилои расмӣ, корманди сафорат ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст. "Ҳамлагаронро фавран дастгир карданд ва ҳоло мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷузъиёти ҳодиса, аз ҷумла сабабҳои ҳамларо таҳқиқ доранд", -- гуфта шудааст дар баёния.

Расонаҳои Русия рӯзи 25-уми сентябр гузориш доданд, ки як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон ду корманди сафоратро дар Маскав задааст.

Оҷонси хабарии Маскав навишт, мутахассиси пешбари сафорат ва ронандаи ӯ, ки масунияти дипломатӣ надоштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа ангушт ва бинии мутахассиси сафорат шикаста, сараш осеб дидааст.

Хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба манобеаш навишт, ки кормандони сафоратро барои "дағалӣ" задаанд. Сафорати Тоҷикистон ин фарзияро беасос шумуруд.

Тайи ду моҳи охир талабгорони бозгашт ба Тоҷикистон бо ҳадафи номнавис кардани худ дар назди бинои сафорат дар Маскав ҷамъ мешаванд. Онҳо аз шеваи номнавис ва дарёфти билети бозгашт ба Тоҷикистон норозиянд, ҳарчанд мақомот онро дурусту одилона хондаанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, то ин дам беш аз 45 ҳазор шаҳрванди кишвар ба ватан баргаштаанд. Ба қавли онҳо, ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июли имсол барои аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам бо Русия ва бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ розӣ шуда буд ва ҳоло мунтазири посухи Маскав аст.

Парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо байни Тоҷикистону Русия аз моҳи март ба ин тараф ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши коронавирус қатъ шудааст.

Қирғизистон қисме аз шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистонро 3000-долларӣ ҷарима бастааст

Боздоштгоҳе дар Қирғизистон

Додгоҳи ноҳияи Лайлак дар Қирғизистон 15 шаҳрванди Тоҷикистонро ба убури ғайриқонунии марз гунаҳкор дониста, ҳар кадоме аз онҳоро ба пардохти 3000-долларӣ ҷарима муваззаф кардааст.

Вакили мудофеи шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт, ҳукм дар оғози ҳафтаи ҷорӣ содир шуд. 18 шаҳрванди дигари Тоҷикистон бо айни иттиҳом дар боздошт будаанд.

Парвандаи онҳо бар асоси моддаи 359-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон (убури ғайриқонунии марз) баррасӣ мешавад, ки аз 220 ҳазор то 260 ҳазор сом (2800 – 3300 доллар) ҷарима дар назар дорад.

Ин афрод сокинони шаҳри Ҳисор ва Душанбе буда, се моҳ пеш барои ҷамъоварии шираи камол ба ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон рафтаанд. На мақомоти Тоҷикистон ва на ҷониби Қирғизистон ҳанӯз дар ин замина тафсилот надодаанд.

Мэлс Абдураимов, вакили мудофеи шаҳрвандони Тоҷикистон, рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз шахсони зери ҳимояташ баъд аз пардохти ҷарима озод шуданд. Вай афзуд, "наздиконашон аз Тоҷикистон пул фиристоданд ва ҷарима пардохта шуд. Сипас, бархе аз онҳо рафтанд."

Бобораҷаб Шералиев, раиси ҷамоати Ҳуснободи ноҳияи Ҳисор, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки чанд нафар аз сокинони боздоштшуда аз Қирғизистон баргаштаанд.

Вакили мудофеъ Мэлс Абдураимов мегӯяд, ин гуруҳи шаҳрвандони Тоҷикистон дар замоне ки марзҳоро барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус баста буданд, ба ҳудуди Қирғизистон гузаштаанд. "Барои ғайриқонунӣ гузарондани онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Қирғизистон муттаҳаманд ва нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст. Онҳо бо машварати кӣ ин корро кардаанд, ҳоло барои тафтишот маълум нест," – шарҳ дод вакил.

Онҳо як кило шираи камолро дар ивази 8 доллар ҷамъ меовардаанд.

Айни замон номи шахсон ё ширкати корфармо маълум нест. Шаҳрвандони боздоштшуда дар суҳбат бо вакили мудофеъ аз корфармо ном набурда, танҳо ишора кардаанд, ки "як ширкати машҳур дар Тоҷикистон аст".

Дар Тоҷикистон танҳо ширкати "Фароз" ва "Мину-фарм" иҷозаи ҷамъоварии шираи камолро доранд. Хостем пайванди ин ширкатҳоро бо қазияи ҷавонони боздоштшуда дақиқ кунем, аммо як намояндаи пешини дафтари матбуоти "Фароз" гуфт, дар ҳоли ҳозир фаъолият надоранд ва ба муроҷиату номаҳо посух намедиҳанд.

Моҳи июли имсол раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода низ гуфта буд, ки ширкати "Фароз" расман барҳам хӯрдааст, аммо пештар як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки ширкатҳои зертобеи "Фароз" ҳанӯз фаъоланд.

Содироти шираи камол аз Тоҷикистон то соли 2008 озод буд. Шаҳрвандоне, ки ба майдонҳои гиёҳи камол дастрасӣ доштанд, мустақилона онро ҷамъ оварда, бештар тавассути тоҷирони афғонистонӣ ба хориҷа содирот мекарданд.

Вале аз моҳи сентябри соли 2008 ҷамъоварии мустақилонаи шираи камол манъ шуд ва "Фароз" ягона ширкате гардид, ин ҳақро ба даст овард. Вазорати тандурустии Тоҷикистон ҳам хоста буд, барои ҷамъоварӣ ва коркарди шираи камол барояш иҷозат бидиҳанд, вале соли 2019 ин дархост рад шуд.

Шираи камол аз рустаниҳои шифобахшест, ки барои истеҳсоли доруҳои гуногун истифода мешавад ва дар бозорҳои ҷаҳонӣ талаботи зиёд ва қимати баланд дорад.

Имрон Хон бархӯрди ҳукумати Ҳиндро бо мусулмонҳо танқид кард

Мусулмонони Ҳиндустон ҳангоми хондани намози ҷумъа. 31-уми майи 2019

Нахуствазири Покистон гуфт, ки ҳукумати Ҳиндустон “пуштибони нафратангезӣ ва табъиз ба зидди мусулмонон аст”. Имрон Хон рӯзи 25-уми сентябр дар суханронии қаблан сабтшуда ба раҳбарони ҷаҳон дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: "Эҷоди тарс аз ислом дар Ҳиндустон ҳоким шуда ва ҳаёти тақрибан 200 миллион мусулмонро дар ин кишвар ба таҳдид рӯ ба рӯ кардааст." Вай афзуд, ҳукумати Ҳиндустон ба ин бовар аст, ки ин кишвар хос барои ҳиндуҳо аст ва дигарон аз ҳаққи баробар маҳруманд. Раҳбарони Покистон ҳамчунон кӯшишҳои ҳукумати Ҳиндустонро барои бештар сохтани назорат дар минтақаи Кашмир, ки аксарияти аҳолии он мусулмонанд, танқид карданд. Сокинони Кашмири зери назорати Ҳиндустон мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ ҳазорон ҷавонро дар ин минтақа дастгир кардаанд.

Ҳалокати беш аз 20 кас дар суқути ҳавопаймо дар Украина

Ҷойи ҳодиса

Дар натиҷаи суқути як ҳавопаймои низомӣ дар Украина дастикам 22 кас ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора хадамоти фавқулодаи Украина хабар дод. Ҳавопаймои Ан-26 шоми 25-уми сентябр дар Харков суқут кард. Мақомоти ҳавонавардӣ мегӯянд, дар ҳавопаймо 27 нафар буданд ва то кунун ҷасади 22 нафар пайдо шуда, ду нафар захмӣ ҳастанд. Ҷустуҷӯи се нафари дигар ҳанӯз идома дорад. Вазорати корҳои дохилии Украина гуфт, ки маъмурони наҷот зуд ба ҷойи ҳодиса расида, корро оғоз кардаанд.

Конститутсияи нави Туркманистон ба иҷро даромад

Ҷаласаи маслиҳати халқ ё порлумон дар Туркманистон. Акс аз бойгонӣ

Ба иттилои расонаҳои Туркманистон, дар он кишвар ҷаласаи маслиҳати халқ баргузор шуд, ки президент Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов чанд санадро имзо ва ширкатдорони ҷаласа аз онҳо ҷонибдорӣ карданд. Ҷаласаи маслиҳати халқ ё порлумон дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

Дар ин ҷаласа қарор "Дар бораи қабули тарҳи Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Туркманистон" қабул шудааст.

"Барои такмили Конститутсия кори зиёде анҷом шудааст. Аз самими қалб ҳамаи қишрҳои ҷомеаро барои фаъолияташон дар ин самт сипосгузорӣ мекунам", - гуфтааст Бердимуҳаммадов.

Раванди ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Туркманистон тирамоҳи соли гузашта оғоз шуд. Президенти он кишвар пешниҳод карда буд, ки дар Туркманистон тавассути ислоҳоти Конститутсия низоми дупалатаии порлумон ташкил карда шавад.

Шаҳрвандони Туркманистон, ки дар хориҷ зиндагӣ доранд, аз ин тағйирот танқид карданд. Ба бовари онҳо, ин тағйирот бештар ба тақвияти ҳукумат ва шахсияти Бердимуҳаммадов рабт дорад ва салоҳиятҳои ӯро меафзояд.

Дар Туркманистон бори аввал Конститутсия соли 1992 қабул, аммо дар солҳои 1995, 1999, 2003, 2006, 2008 ва 2016 ба он тағйирот ворид карда шудааст.

Эрон сафири Тоҷикистонро дар Теҳрон эҳзор кард

Бинои Вазорати корҳои хориҷии Эрон

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба пахши филми “Хиёнат” дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон “шадидан эътироз” кардааст.

Ин вазорат бо нашри изҳороти расмӣ дар сомонааш гуфт, рӯзи 25-уми сентябр сафири Тоҷикистонро дар Теҳрон эҳзор кард ва эътирозашро “нисбат ба иттиҳомоти беасоси ворида ва рафтори ғайримасъулонаи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон” баён намуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодаанд ва дар сурати рӯшан шудани мавқеи онҳо дар ин хабар изофа хоҳад шуд.

Филми “Хиёнат”, иборат аз чанд қисм, тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуда, дар он борҳо ба “кишвари ба мо маълум” ишора шудааст.

Вазорати умури хориҷии Эрон дар хабари расмиаш гуфтааст, “Ҷумҳурии Исломӣ хоҳони равобити дӯстона, бародарона ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил бо Тоҷикистон аст. Аммо истимрор (идома ёфтан)-и ингуна рафторҳо аз сӯи давлати он кишвар хилофи қоидаи равобити дӯстона буда ва давлати Тоҷикистон бояд ба табъоти чунин рафторҳое тавҷеҳ дошта бошад.”

Бино ба ин изҳорот, дар Вазорати умури хориҷии Эрон ба сафири Тоҷикистон гуфтаанд, “Ҷумҳурии Исломӣ интизор дорад давлати Тоҷикистон нисбат ба тасҳеҳи рӯйкарди худ бавижа дар тавқифи таблиғоти дурӯғин алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар телевизиони он кишвар иқдом намояд.”

Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар замина чизе нагуфтааст, Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, дар ҳафтаи ҷорӣ бори дувум аст, ки намояндаи расмии Душанберо дар Теҳрон эҳзор мекунад.

Моҳи август низ ҷониби Эрон дар робита ба пахши филми «Хиёнат” вокуниш карда буд.

Филми «Хиёнат», ки дар поёни он муаллифаш Раҳмат Темуриён ва ҷойи таълифаш шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатии муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ишора шудааст, аз моҳи июн то сентябр бахш ба бахш намоиш дода шуд.

Таҳиягарон дар ин филм ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ ва қатли чеҳраҳои саршинос дар Тоҷикистон ва “кишвари ба мо маълум”-ро ба сармоягузорӣ аз онҳо муттаҳам карданд.

Намояндагони мухолифин дар хориҷа муҳтавои филмро рад карда, изҳороти наздиконашонро дар он маҷбурӣ ва сохта донистанд. Мақомот, баръакс, ҳамвора ба дурустии муҳтавои он таъкид доранд.

Амрико ба Горди миллии Тоҷикистон барои муқобила бо коронавирус 169 000 сомонӣ дод

Сафорати Амрико дар Душанбе барои муқобила бо бемории коронавируси нав ба Горди миллии Тоҷикистон 169 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан 17 ҳазор доллар, ёрӣ кард.

Дафтари матбуоти сафорат рӯзи 25-уми сентябр навишт, ёриҳо аз васоили муҳофизатӣ, аз ҷумла ниқоби тиббиву айнак ва ҳароратсанҷу маҳлулҳои беҳдоштӣ иборат аст.

Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Тоҷикистон гуфт, “ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Амрико барои муқобила бо COVID-19 ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 5 миллион доллар кумак кардаанд.”

Сафир афзуд, Амрико аз соли 2002 ба соҳаи амнияти Тоҷикистон беш аз 200 миллион доллар ёрӣ расондааст. Аз ҷумла, соли 2019 барои азнавсозии дидбонгоҳи сарҳадии Оқултун дар Шаҳритус 900 ҳазор доллар додааст.

Дар Аврупо "Бунёди Бузургмеҳр Ёров"-ро таъсис доданд

Бузургмеҳр Ёров

Дар Лаҳистон (Полша) як созмони дифоъ аз ҳуқуқи инсонро таъсис доданд, ки ба номи вакили зиндонии тоҷик Бузургмеҳр Ёров гузошта шудааст.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҳайати созмон 10 нафар ҳастанд ва "ба масъалаи маҳбусони сиёсӣ ва сарнавишти маҳбусони, ба истилоҳ, виҷдон, аз ҷумла хабарнигори зиндонӣ Далер Шарифов машғул хоҳанд шуд."

Ёров афзуд, "Бунёди Бузургмеҳр" дар назар дорад, дар оянда натанҳо кумаки ҳуқуқӣ кунад, балки ба наздикони маҳбусони, ба гуфтаи ӯ, сиёсӣ ёрии моддӣ расонад.

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ дар Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои "таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент" 5 соли дигар изофа кард. Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд.

Бузургмеҳр Ёров ва наздиконаш ҳеч гоҳ айбҳои эълонкардаи мақомотро эътироф накардаанд ва мегӯянд, парванда ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Ёров ва наздиконаш пештар гуфтаанд, боздошти адвокати шинохта фақат ба хотири ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ буд. Бузургмеҳр Ёров соли 2015 ва пеш аз боздошт аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард. Мақомот чунин иддаоро рад кардаанд.

Путин ба ИМА табодули "замонати адами мудохила ба умури ҳамдигарӣ"-ро пешниҳод кард

Президенти Русия Владимир Путин

Владимир Путин, президенти Русия ба ИМА пешниҳоди табодули “замонати адами мудохила ба умури якдигарӣ, аз ҷумла ба ҷараёнҳои интихоботӣ”-ро кардааст. Изҳороти мазкур рӯзи 25-уми сентябр дар вебсайти Кремлин нашр шуд ва матни онро тавассути видео вазири хориҷа Сергей Лавров қироат кард. Дар меҳвари изҳороти Путин – пешниҳоди ташкили барномаи барқарор кардани робитаҳои Русия ва ИМА дар бахши амнияти иттиллоти байналмилалӣ мебошад. Лавров дар қироати ин санад гуфт:

“Яке аз чолишҳои стратегии замони имрӯз – хатари пеш омадани ихтилофҳои азим дар бахши рақамӣ мебошад. Масъулияти муҳими пешгирии он ба дӯши бозигарони калидӣ дар бахши амнияти байналмилалии иттилоотӣ аст. Дар ин замина мехостем бори дигар ба ИМА муроҷиат карда пешниҳоди тасдиқи барномаи ҳамаҷонибаи тадбирҳои амалии бозбинии равобити мо дар бахши истифода аз фанновариҳои байналмилалии рақамиро бикунем”.

Ҳанӯз вокуниши ИМА ба ин даъват маълум нест. Путин пешниҳод кардааст, ки хати иртиботи миёни Маскаву Вашингтон “дар заминаи кори марказҳои коҳиши таҳдидҳои атомӣ, гурӯҳҳои вокуниши сареъ ба ҳодисаҳои компютерӣ” ба роҳ монда шавад. Инчунин пешниҳод кардааст, ки созишномаи дуҷонибаи байнидавлатӣ дар заминаи пешгирӣ аз ҳодисаҳо дар фазои иттилоотӣ имзо шавад.

ИМА борҳо Русияро дар фаъолияти харобкорона дар бахши фанновариҳои компютерӣ гунаҳгор кардааст. Ин харобкориҳо аз ҳамлаҳои рақамӣ ба сохторҳои бунёдии Украинаву Гурҷистон, худи ИМА ва созмонҳои байналмилалӣ иборат будааст. Масалан, дар ИМА ҳамлаи интернетӣ ба сервери ҳизби демократӣ дар соли 2016-ро ҳамчун кори рахнагарони марбут ба Русия меноманд. Инчунин Русияро дар роҳандозии таблиғоти сартосарии интернетӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ташкили “фабрикаи ҷавоб” ва нашри хабарҳои дурӯғини зиддиамрикоӣ гунаҳгор мекунанд. Дар миёни сохторҳое, ки эҳтимолан дар ин корҳо гумонбар мешаванд, сарраёсати ситоди кул ва ба истилоҳ оҷонсии таҳқиқоти интернетии марбут ба соҳибкор Евгений Пригожин ном бурда мешаванд. Яке аз иттиҳомоти ҷиддии солҳои охир – дахолати Русия ба интихоботи ИМА мебошад. Дар навбати худ, Русия ҳам ИМА-ро дар мудохила ба интихобот аз роҳи нашри матолиби интиқодӣ дар матбуоти амрикоӣ гунаҳгор мекунад.

Нахуствазири Косово розӣ аст исми кӯле ба номи Трамп гузошта шавад

Ин кӯлро сербҳо Газивода ва косовагиҳо Уйман ном мебаранд

Нахуствазири Косово Абдулло Ҳотӣ аз фикри ба номи президенти ИМА Доналд Трамп номгузорӣ шудани кӯле дар марз бо Сербия пуштибонӣ кард. Ин кӯлро сербҳо Газивода ва косовагиҳо Уйман ном мебаранд. Номи ин кӯл яке аз чандин масоили мавриди ихтилофи назарҳои миёни сербҳову косовогиҳо мебошад. Рӯзи 4-уми сентябр бо миёнҷигии ИМА ин ду кишвар созишномаи оддисозии равобити иқтисодиро имзо карданд. Дар идомаи ин музокираҳо, Ричард Греннел, фиристодаи вижаи президенти ИМА дар музокироти сулҳи сербҳову косовогиҳо тибқи гузоришҳо нимшӯхиву нимҷиддӣ тахмин кардааст, ки ба хотири раҳо шудан аз баҳсҳои дуҷониба исми кӯлро Доналд Трамп гузоранд. Ҳотӣ дар як навиштааш дар Фейсбук рӯзи 24-уми сентябр аз ин фикр ҷонибдорӣ кардааст. https://www.facebook.com/avdullah.hoti/posts/3677066209021373

Ӯ навишт, “пешниҳоди сафир Греннел барои аз Уйман ба президент Трамп иваз шудани номи кӯлро ба нишони арҷгузорӣ ба нақши фавқулоддаи ӯ дар дастёбӣ ба созиши оддӣ шудани равобити иқтисодии миёни Ҷумҳурии Косово ва Сербия, ҳамчун қадами бузург дар созишҳои ниҳоии сиёсӣ, ки бояд бо барасмият шинохтани ҳамдигарӣ анҷомад, истиқбол мекунам”.

Дар канори кӯл аллакай навиштаҷоте бо номи “Кӯли Трамп” пайдо шудааст. https://twitter.com/RichardGrenell/status/1309193794391339008?s=20
Мавқеи мақомот ва мардуми Косово ба ин пешниҳод маълум нест.

Ҳотӣ дар Фейсбуки худ таъкид кард, ки дар Косово аллакай чандин макон ба номи шахсиятҳои маъруфи амрикоӣ гузошта шудааст. Дар ҷанги Косово барои истиқлолият аз Сербия беш аз 10 ҳазор нафар кушта шуд, аксари онҳо албанитаборҳои Косово мебошанд. То ҳол 1600 нафар беномунишон боқӣ мемонанд. Ҷанг баъди 78 рӯзи амалиёти НАТО ба анҷом расид.

Косово, ки аксар сокинонаш албаниҳо мебошанд, соли 2008 истиқлолияти худро эълон кард ва инро бисёр давлатҳои ғарбӣ эътироф карданд. Вале Сербияву муттафиқонаш Русияву Чин инро эътироф накарданд.

Эҳтимолӣ ба зудӣ таҳрим шудани Беларус аз ҷониби ИМА, Бритониё ва Канада

Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб гуфт, ки Лондон дар фикри ҷорӣ кардани таҳримҳои худ нисбати Беларус аст

ИМА, Бритониё ва Канада эҳтимолан базудӣ нисбати мақомоти Беларус, ки дар саркӯби хушунатбори эътирозгарони натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август гунаҳгоранд, таҳримҳо ҷорӣ кунанд. Reuters гуфт, ки таҳримҳо рӯзи 25-уми сентябр, ду рӯз баъди маросими пинҳонии савгандёдкунии Александр Лукашенко эълон мешаванд. Бисёр раҳбарони ғарбӣ ин маросимро “як тақаллубкорӣ” номиданд. Вазири хориҷаи Бритониё Доминик Рааб рӯзи 24-уми сентябр гуфт, баъди он ки ИА баъди таҳрими Қибрис натавонист Беларусро таҳрим кунад, Бритониё дар ҳамоҳангӣ бо ИМА ва Канада таҳримҳои худро ҷорӣ мекунад. Барои ширкат дар эътирозҳову даъват ба истеъфои Лукашенко садҳо нафар боздошт шуданд ва бисёриҳо аз латукӯбу шиканҷа шикоят карданд. Эътирозгарон мегӯянд, ки натиҷаҳои интихобот ба манфиати Лукашенко тақаллуб шуд.

Қонунгузорони ИМА ва ИА озод кардани зиндониҳои сиёсии Беларусро тақозо карданд

23-юми сентябр, Минск

Садҳо қонунгузор аз Аврупо ва Амрикои Шимолӣ дар номае ба унвонии Александр Лукашенко талаб карданд, ки зиндониҳои сиёсӣ озод карда шаванд. Саркӯбҳои хушунатбори эътирозгарон ва ҳабси садҳо нафар дар паи изҳори норизоияти онҳо бо натиҷаҳои интихоботи президентии 9-уми август, ки дар он Александр Лукашенкоро баранда эълон карданд, мавриди маҳкумияти Ғарб шуд. 270 қонунгузор аз 29 кишвар дар робита бо боздошти Мария Колесникова ва ду узви дигари Шӯрои ҳамоҳангсоз, ки барои муколама бо ҳукумат ба хотири интиқоли сулҳомези қудрат ташкил шуда буд, изҳори нигаронӣ карданд. Дар изҳорот инчунин аз боздошти Виталий Шкляров, як стратеги сиёсии дорои шаҳрвандии Беларус ва ИМА ҳам изҳори нигаронӣ шудааст, ки ҳамсари як дипломати амрикоӣ мебошад. Қонунгузорон гуфтанд ки онҳо ба тақвияти озодиҳову демократия ва ҳуқуқи башар дар Аврупо ӯҳдадор ҳастанд. Дар баробари ин нафарон ҳоло садҳо нафари дигар барои ширкат дар намоишҳои эътирозии ба қавли мақомот ғайриқонунӣ дар ҳабс мебошанд.

Як шаҳрванди Тоҷикистон ду нафарро дар дохили бинои сафорат дар Маскав задааст

Бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав

Бино ба хабарҳо, як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон дар дохили бинои сафорати кишвар дар Маскав ду нафарро задааст. Ҳодиса рӯзи 24-уми сентябр рух додааст. Мақомоти Тоҷикистон қазияро шарҳ надоданд. Хабаргузории ТАСС рӯзи 25-уми сентябр бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ҳамлавар дастгир шудааст ва ӯро ба вайрон кардани қоидаи будубош дар ҳудуди Русия муттаҳам мекунанд. Оҷонси хабарии Маскав навишт, мутахассиси пешбари сафорат ва ронандаи ӯ, ки масунияти дипломатӣ надоштанд, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Дар натиҷа ангушт ва бинии мутахассиси сафорат шикаста, сараш осеб дидааст. Гуфта мешавад, ронанда ҷароҳати сахт набардоштааст. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ҳодисаро шарҳ надодааст. Тайи ду моҳи охир талабгорони бозгашт ба Тоҷикистн бо ҳадафи номнавис кардани худ дар назди бинои сафорат дар Маскав ҷамъ мешаванд. Онҳо аз шеваи номнавис ва дарёфти билети бозгашт норозиянд, ҳарчанд мақомот онро дурусту одилона хондаанд.

Мақоми ИА: Лукашенкоро президенти Беларус эътироф намекунем

Жозеп Боррел, раиси сиёсати хориҷии ИА

Дар паи маросими ногаҳонии савгандёдкунии Александр Лукашенко раиси сиёсати хориҷии ИА батакрор гуфт, ки ин ниҳод ӯро ба ҳайси президенти Беларус эътироф намекунад. Дар ҳоле, ки дар Беларус намоишҳои эътирозии сартосарӣ аз натиҷаҳои интихоботи рӯзи 9-уми август идома дошт, ки Лукашенкоро баъди 26 соли раёсатҷумҳурӣ бори шашум президент номид, Лукашенко дар Минск маросими аз пеш эълоннашудаи савгандёдкуниро барпо кард. Аз он замон то кунун ҳама эътирозҳо саркӯб шуда, ҳазорҳо нафар боздошт, садҳо нафар мавриди латукӯби полис ва раҳбарони мухолифон ҳабс шуданд ваё аз кишвар ронда шуданд. Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии ИА гуфт, ки “ин савгандёдкунӣ бо хоҳиши бахши аъзами мардуми Беларус дар ихтилоф аст”. Ӯ афзуд, ки Брюссел ҳамкориҳояшро бо Минск бозбинӣ мекунад.

Судиҷрочиҳо хонаи Навалнийро дар Маскав ҳабс карданд

Алексей Навалний, Берлин

Дар паи он ки мунаққиди Кремлин Алексей Навалний дар баҳси додгоҳии марбут ба тӯҳмат нисбати як соҳибкори наздик ба президент Владимир Путин мағлуб шуд, судиҷрочиҳо дар Русия хонаи ӯро дар Маскав ҳабс карданд. Дар ин бора Кира Ярмиш, сухангӯи Навалний рӯзи 24-ми сентябр дар Твиттер хабар дод. Ӯ гуфт, замоне, ки Навалний дар ҳолати кома дар беморхона буд, судиҷрочиҳо бо қарори худ хонаи ӯро аз ҳақи фурӯш, тақдим ва амалиёти дигари молӣ маҳрум карданд. Навалний ҳанӯз ҳақ дорад, ки дар ин хона зиндагӣ кунад. Моҳи октябри порсол додгоҳ ҳукм кард, ки Навалний, Бунёди зидди коррупсияи ӯ ва ҳам ҳуқуқшиноси корхонааш Любов Собол дар якҷоягӣ ҷарима дар ҳаҷми 1,15 миллион долларро барои тӯҳмат ба ширкате бо номи “Мактаббачаи Маскав” пардохт бикунанд. Ин ширкат дар як таҳқиқоти созмони Навалний барои риоя накардани меъёрҳои беҳдорӣ, санадҳои сохтакоришуда ва таъмини мактабу кӯдакистонҳо бо ғизои пастсифат интиқод шуда буд. Евгений Пригожин, соҳибкори наздик ба Кремлин, ки бо лақаби “Ошпази Путин” маъруф аст, гуфт, ки қарзи ширкати “Мактаббачаи Маскав”-ро худаш пардохт карда ин маблағро аз ҳисоби Навалний, агар ӯ баъди заҳролудшавӣ ба худ ояд, ҷуброн мекунад.


Amnesty International: Кормандони тибби Қирғизистон ҷабри пандемияро мекашанд

16-уми июл, як беморхонаи саҳроии Бишкек барои беморони коронавирус

Созмони ҳомии ҳуқуқи инсон Amnesty International дар гузориши наваш мегӯяд, дар Қирғизистон дар давраи пандемияи коронавирус кормандони тибро маҷбур мекарданд соатҳои тӯлонӣ сари кор бошанд, аксар вақт барои соатҳои изофии корӣ пул намедоданд ва ҳатто гоҳо маошашонро кам мекарданд ва дар шароити монанд ба зиндонӣ дар маҳбас нигаҳ медоштанд. Гузорише, ки рӯзи 25-уми сентябр нашр шуд, бо такя ба манобеи ғайрирасмӣ мегӯяд, ки дар моҳҳои март то июл дар Қирғизистон бар асари пандемия 40 корманди тиб ҷон дод, дар ҳоле, ки омори расмии вазорати беҳдошти ин кишвар шумори даргузаштаҳоро 29 нафар гуфтааст. Пажӯҳишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, ки омори олудашавиҳо ба коронавирус дар саросари ҷаҳонро пайгирӣ мекунад, мегӯяд, дар Қирғизистон 45,757 ҳолати тасдиқшудаи олудагӣ ба коронавирус вуҷуд дорад ва аз ин миён 1063 нафар ҷон додаанд. Гузориш мегӯяд, ки кормандони тиб аз моҳи май ба ин сӯ ҳар рӯз 12-соатӣ ва ду ҳафта паи ҳам кор мекунанд ва 14 рӯз дар карантин мемонанд ва ин ҳолат ба як маҳбас мемонад. Табибону ҳамшираҳо дар Қирғизистон дар миёни қишри камдаромади кишвар мебошанд, маошашон сари вақт пардохт намешавад, маоши бархе кам карда шуд. Дар бархе ҳолатҳо талоши ошкор кардани мушкилот ваё интиқоди вазъ аз ҷониби худи ходимони тиб бо таҳдид, рондашавӣ аз кор ва таҳқири кормандон анҷомидааст, мегӯяд гузориш. Муаллифони ин таҳқиқот мегӯянд, ки ҳукумати Қирғизистон бояд барои идомаи муқобила бо пандемияи коронавирус соҳаи беҳдоштро чунон танзим бикунад, ки ҳам ҳуқуқи кормандони соҳа ҳимоят шавад ва ҳам дар мубориза бо беморӣ муваффақ гарданд. Ҳезер МакГилл, як муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Amnesty International мегӯяд, ҳукумат инчунин бояд ҳақи озодии баёнро барои ҳар як нафар дар ин кишвар таъмин карда тадбирҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқи онҳорое биандешад, ки аввал шуда мушкилотро ошкор мекунанд.

Ҷумҳурихоҳҳо интиқоли сулҳомези қудратро ваъда медиҳанд

Президент Доналд Трамп қаблан гуфтааст, ки овоздиҳӣ тавассути почта эҳтимоли тақаллуби овозҳоро боло мебарад

Дар паи изҳороти президент Доналд Трамп, ки гуфт, эҳтимолан натиҷаҳои интихоботи рӯзи 3-юми ноябрро эътироф нахоҳад кард, аъзои аршади ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА гуфтанд, ки ҳама натиҷаҳоро қабул хоҳанд кард. Трамп баъди он ки рӯзи 23-юми сентябр гуфт, дар сурати мағлубияташ дар интихобот интиқоли сулҳомези қудратро қабул намекунад, дар ҳарду ҳизби сиёсӣ баҳсу ғавғо эҷод кард. Чанд сенатори ҷумҳурихоҳ баъди ин гуфтанд, ки мутобиқи конститутсияи ИМА интиқоли сулҳомези қудрат таъмин хоҳад шуд ва на Трамп ва на демократҳо раъйи мардумро нодида гирифта наметавонанд. Митч МакКоннелл, раҳбари аксар ҷумҳурихоҳҳои Сенат гуфт, барандаи интихоботи рӯзи 3-юми ноябр дар таърихи 20-юми январ савганд ёд мекунад. Ӯ афзуд, “аз соли 1792 ҳар чор сол интиқоли қудрат сурат мегирад ва ин навбат ҳам ҳамингуна хоҳад шуд”. Трамп рӯзи 24-уми сентябр ба саволи ин ки “оё танҳо дар сурати пирӯзии ӯ интихобот қонунӣ хоҳад буд?”, гуфт, “мебинем”. Трамп гуфт, мехоҳад дилпур шавад, ки “интихобот одилона барпо мешавад, вале дилам пур не, ки чунин хоҳад шуд”. Трамп аз ин пеш овоздиҳӣ тавассути почтаро интиқод карда гуфт, ки баргаҳои раъй дар муқобили тақаллуб заъфпазир мешаванд.

Зукоми паранда дар Қазоқистон. Беш аз 100 ҳазор мурғ фавтидааст

Казоқистон, 24 сентябр.

Дар шимоли Қазоқистон ҳафт минтақаи дигари аҳолинишинро ба далели зукоми паранда карантин карданд.

Аз имрӯз ба баъд даромаду баромад аз маҳаллаҳои Қарақамис, Екатериновка, Архангелское, Красний Яр, Пресновка, Налобино ва Белоградовка манъ карда шудааст.

Ҳамин тариқ шумораи минтақаҳои аҳолинишине, ки даромаду баромад аз онҳо манъ шудааст, ба 18 расид.

Бино ба омори расмӣ, то ба имрӯз дар Қазоқистон 108 ҳазор сар мурғ аз зукоми паранда фавтидааст. Барои наҷоти мурғҳои боқӣ ваксингузаронии дастаҷамъӣ эълом шудааст. Мақомоти қазоқ мегӯянд, то ҳол 75 ҳазор ваксина сарф гаштааст.

Бино ба хабари расонаҳо, беморӣ ба вилоятҳои дигари Қазоқистон - Акмолин, Костанай, Павлодар ва Қарағанда низ паҳн шудааст.

Зукоми паранда дар вилояти Қазоқистони Шимолӣ бори ахир соли 2005 ба қайд гирифта шуда буд.

Дар Туркманистон беш аз 800 зиндониро афв карданд

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бахшида ба Рӯзи истиқлоли он кишвар зиёда аз 800 зиндониро афв кард. Ба иттилои расонаҳои он кишвар, фармони президент дар бораи афв рӯзи 24 сентябр содир шудааст.

Афв дар маҷмуъ 815 касро дар бар мегирад, ки аз ин шумор 3 тан шаҳрвандони кишварҳои хориҷ ҳастанд.

Дар Туркманистон ҳамасола бахшида ба ҷашнҳои гуногун афви зиндониён сурат мегирад. Аммо садҳо зиндонии сиёсиву мазҳабӣ аз доираи афв берун мемонанд.

Ба иттилои Маркази байналхалқии омӯзиши зиндонҳо, Туркманистон аз рӯи шумораи маҳбусон баъди ИМА ва Салвадор, дар мақоми севум қарор дорад. Бино ба омӯзиши марказ, дар поёни соли 2017 дар Туркманистон ба 100 ҳазор аҳолӣ 552 маҳбус рост меомад. Марказ иттилоъ дода буд, ки дар маҷмуъ дар Туркманистон 30 ҳазору 452 маҳбус мавҷуд аст.

Бино ба иттилои маъракаи байналхалқии "Зиндаи онҳоро нишон диҳед!", дар зиндонҳои Туркманистон бештар аз 120 кас бе ному нишон шудаанд. Дар рӯйхати бенишоншудаҳо мухолифони маъруф ва мансабдорони пешин низ ҳастанд, ки бо айбҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ ва фасодкорӣ зиндонӣ шуда буданд.

Як блогнависи қазоқ дар Алмато боздошт ва ҳабс шуд

Ермек Тайчибеков.

Блогнависи қазоқистонӣ Ермек Тайчибекови 42-сола рӯзи 23 сентябр дар шаҳри Алматои он кишвар боздошт ва ахиран ба маҳбас интиқол шудааст.

Ин блогнавис баъди баёнияҳояш дар бораи ҳамроҳ шудани Қазоқистон бо Русия ва табъизи аҳолии русзабони Қазоқистон маъруф шуд.

Қозии пешини додгоҳи шаҳри Алмато Кулпаш Утемисов дар саҳифаи Фейсбук аз боздошт ва ҳабси Тайчибеков хабар дод. Ба навиштаи Утимесов, ҳангоми боздошт мақомот компютер ва телефони ҳамроҳи Тайчибековро мусодира кардаанд.

Мақомоти корҳои дохилии шаҳри Алмато гуфтанд, ин блогнавис бо гумони барангехтани адоват боздошт шудааст.

Аммо Ермек Тайчибевок дар суҳбати телефонӣ бо бародараш гуфтааст, ки эҳтимол дорад, ӯро барои танқидҳояш аз сиёсати миллии мақомоти Қазоқистон боздошт карда бошанд.

Ин блогнавис, ки аз вай русиягаро унвон мешавад, дар соли 2015 ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуда буд. Он замон ӯро ба барангехтани адовати миллӣ айбдор карда буданд.

Вай моҳи октябри соли 2017 пеш аз муҳлат аз ҳабс раҳо шуд.

Узбекистон омори истихроҷи уранро нашр кард

Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон бори аввал омор дар бораи истихроҷи уранро дар ин кишвар нашр кард.

Бино бар ин омор, Узбекистон аз рӯи ҳаҷми истихроҷ дар мақоми 5 ва аз рӯи ҳаҷми захира дар ҷаҳон дар ҷои 10 қарор дорад. Дар ин бора Нурмат Ҷулибеков, муовини мудири кулли корхонаи куҳиву металургии Навоии Узбекистон хабар дод.

Ба иттилои Ҷулибеков, ҳамасола дар Узбекистон 3500 тона уран истихроҷ мешавад. Аз он ҷо ки Узбекистон иқтидори коркарди уранро надорад, ин маҳсулот дар шакли хом ба хориҷ содир мешавад.

Захираи уран дар Узбекистон 139,2 ҳазор тонаро ташкил медиҳад, ки ин миқдор 3,2 дарсади захираи урани тамоми дунё арзёбӣ мешавад.

Урани Узбекистонро ширкатҳое дар Фаронса, ИМА, Канада, Чин ва ғайра харидорӣ мекунанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG