Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти фаъолияти "Дасти мадад" дар Хуҷанд


Як додгоҳ ба ҷурми таблиғи ғайриқонунии дини насронӣ фаъолияти созмони ғайридавлатии “Дасти мадад” дар шаҳри Хуҷандро боздошт. Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ин созмон огоҳии вазоратро нодида гирифта ва ба фаъолиятҳои ғайриқонунии худ идома додааст:
Созмони “Дасти мадад” дар Хуҷанд, соли 1998 таъсис шуда, барои навҷавонон аз хонаводаҳои камбизоат дар фасли тобистон урдугоҳҳо ташкил медод. Гулсуной Мақсудова, раҳбари ин созмон, қаблан иттиҳомоти ворида ба созмони худро рад карда буд. Вазорати адлия танҳо дар шимоли Тоҷикистон шаш созмони ғайридавлатиро ба иттиҳоми таблиғи динҳои бегона дар миёни кӯдакон бастааст.
XS
SM
MD
LG