Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 19 нафар дар фестивали «Корвони ишқ»


19 нафар дар ҷараёни баргузории фестивали мусиқии мавсум ба «Корвони ишқ» дар шаҳри Дуйсбурги Олмон кушта шуданд. Бино ба гуфтаи пулис, гурӯҳе аз мардум, ки дар даромади тунели ҷашнгоҳ интизор буд, ба ногоҳ ваҳшатза ва сардаргум шуд, ки дар натиҷа чандин нафар дар зери по уфтода, кушта ё маҷрӯҳ шуданд.

Мақомот теъдоди куштаҳои ин ҳодиса дар рӯзи якшанберо 19 нафар ва шумори захмиҳоро беш аз 342 нафар унвон кардаанд.

Бархе аз шоҳидон дар вуқӯъи ин ҳосида нерӯҳои пулисро муқассир медонанд, ки иҷоза додаанд, ба як маҳалли танг ҷамъи зиёде аз мардум ворид шавад. Аммо мардуме, ки имкони ворид шудан ба ҷашнгоҳро надоштан, вақте мехостанд бар гарданд, ваҳшатза ва даступохӯрда шуданд. Дар натиҷа, ба гуфтаи шоҳидон, ҳар нафаре, ки ба зери по меуфтод дигар бархоста наметавонист.

Гурӯҳҳои наҷот низ ба далели ҷамъияти зиёд ба мушкил тавонистаанд, вориди издиҳом шаванд ва ба низмандон кӯмак кунанд.

Аммо бо вуҷуди ин ҳама, масъулин тасмим гирфитанд, ки фестивалро қатъ накунанд. Зеро ба гуфтаи онҳо қатъи барнома имкон дошт боиси ошуфтагӣ ва талафоти хисороти бештаре шавад.

Дар ин фестивали мусиқӣ бо номи "Корвони ишқ" ҳунармандон аз Бразилия, Русия, Ҳоланд, Испания, Австралия ва дигар кишварҳо ширкат мекунанд.

Ин фестивал бори аввал дар соли 1989 дар Берлин баргузор шуда буд.

Ангушти иттиҳом ва изҳори назари мақомот

Пас аз ин воқеъа акнун ангушти иттиҳом ба сӯи мақомот нигаронида шудааст.

«Ин як ҳараҷу мараҷи муташаккил буд», гуфтааст яке аз шоҳидони айнӣ.

Яке дигар аз шаҳриёни Дуйсбург, ки дар ин фестивал ширкат доштааст, ба шабакаи телевизионии NTV гуфтааст, ки «шаҳри Дуйсбург бо омодагии нокомил худро беорӯ кард».

Ҳамзамон раиси ҷумҳури Олмон хостори таҳқиқоти комили ин ҳодиса шудааст.

Дар ҳамин ҳол, таҳқиқот перомуни сабабҳои сар задани ин фоҷиъа оғоз шудааст. Шаҳрдори Дуйсбург аз плани нақшаи амниятии ин фестивал дифоъ кард.

«Ин масъалаи амнияти набуд,ки ба нокоми анҷомид,балки ба сабаби афтодани одамон ба вуқуъ пайваст» гуфтааст шаҳрдори Дуйсбург. Мудири ташкили ин барнома Фритз Плейтген , аз сар задани ин воқеъа сахт такон хурдааст,ҳайратзада гуфт: «ахлоқан ман эҳсос мекунад ин як масъулияти ҳамагонӣ буд».

Мақомот мегуянд, ки теъдоди маҷрӯҳон ба 342 расидааст, ки иддае аз онҳо дар вазъи хатарбор қарор доранд. Аксари қурбониён дар бемористон ҷони худро аз даст додаанд.

Садри Аъзами Олмон Ангела Меркел низ дар навбати худ таассуфашро аз ин фоҷиъа баён намуда, гуфтааст, ки аз ин ҳодиса сахт такон хӯрдааст.

«Дар ин лаҳзаҳои сахт хаёли ман бо пайвандони қурбониёни ин ҳодиса аст. Ҳамдардӣ ва таассуфи худро баён медорам. Ин ҷавонон омада буданд,то ҷашнвора барпо кунанд, дар иваз кушта ва захмӣ шуданд. Ман аз ин ниҳоят ғамгин ва дардмандам».


XS
SM
MD
LG