Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 сарбози амрикоӣ дар Афғонистон кушта шуд


Нируҳои НАТО дар Афғонистон мегӯянд, дар бамгузориҳое дар ҷануби Афғонистон 5 сарбози нируҳои байналмиллалӣ кушта шудаанд. Дар хабар дар бораи миллияти ин сарбозон чизе гуфта нашудааст. Аммо мақомоти Амрико ба матбуот таъйид кардаанд, ки ин сарбозон амрикоӣ будаанд. Дар бораи маҳали ҳодиса низ хабар дода намешавад. Бо куштори ин чаҳор нафар моҳи ҷорӣ шумораи кушташудагон дар миёни нируҳои эътилофи байналмиллалӣ ба 69 нафар расид.
XS
SM
MD
LG