Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Медведев "сухангӯи" сенарияи Ғарб алайҳи Эрон


Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русияро ба «бозӣ дар як намоишномаи амрикоӣ» муттаҳам кардааст. Ӯ дар вокуниш ба суханони Медведев роҷеъ ба барномаи ҳастаии Эрон, гуфтааст, "аз ин ки Медведев сухангӯи душманони Эрон шудааст, мутаассиф ҳастем".

Раиси ҷумҳури Эрон дар ин бора гуфтааст: «Ҳарфе, ки раиси ҷумҳури Русия зад, огаҳии намоишномаи талбиғотӣ, ки Амрико мехоҳад алайҳи Эрон иҷро кунадро, калид зад. Ин намоишнома ба нависандагӣ ва коргардонии Амрико аст. Вале мутаасcифона, бархе аз рӯи беиттилоӣ ва ё таҳлили ғалат дар ин намоишнома алайҳи манофеъи худ бозӣ мекунанд. Ва суол ин аст, ки чаро раиси ҷумҳури Русия бояд дар намоишномаи амрикоиҳо бозӣ кунад?»

Ишораи Аҳмадинажод ба суханони Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия аст, ки ҳудуди ду ҳафтаи пеш дар ҷамъи сафирони ин кишвар гуфта буд: «Эрон ба роҳҳое, ки метавонад ба сохти бомбаи атомӣ бианҷомад, наздиктар мешавад».

Ин нахустин бор буд, ки раҳбарони Русия ба сурати ошкор аз эҳтимоли тавлиди таслиҳоти ҳастаӣ тавассути Эрон сурахн мегуфтанд. Раиси ҷумҳури Русия танҳо се рӯз пас аз ин суханон, як бори дигар ба интиқод аз барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохт ва аз мақомҳои эронӣ хост, дар бораи «бахшҳои низомӣ»-и барномаи ҳастаии Эрон тавзеҳ диҳанд.

Шиддати мухолифати Русия ва Эрон

Дмитрий Медведев бо баёни ин ки Эрон бояд «шаҳомати ҳамкории комил бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ»-ро пайдо кунад, гуфта буд: «Мо на дар баробари раванди пешрафти барномаи ҳастаии Эрон бетафовутем ва на дар баробари ҷузъҳои низомии ин барнома».

Пештар низ Раиси ҷумҳури Русия дар ҳошияи нишасти гурӯҳи 20 дар Канада бо «нигаронкунанда» хондани ҳушдори Созмони иттилооти марказии Амрико, дар мавриди кофӣ будани захираи урани камтарғарнинушдаи Эрон барои тавлиди ду бобаи атомӣ ин иттилоотро «дар сурати тайид» муъҷиби вахимтар шудани масъалаи ҳастаии Эрон арзёбӣ карда буд.

Мавзеъгириҳои тозаи раҳбарони Русия дар қиболи барномаи ҳастаии Эрон пас аз он сурат гирфитааст, ки моҳи гузашта Маскав аз даври чаҳоруми таҳримҳои Шӯрои амнияти СММ алайҳи Эрон ҳимоят карда буд.

"Сенария ҷанг дар дасти мост"

Дар ин миён Аҳмадинажод аз вуҷуди «намоишномаи таблиғотии Ғарб» дар бораи барномаи ҳастаии Эрон хабар дода ва гуфтааст: «Ба лутфи худованд ин сенария дар ихтиёри мост. Агарчи онҳо фикр мекунанд ин сенария комилан сирррӣ аст».

Раиси ҷумҳури Эрон дар ташреҳи ин «сенарияи ҷанги печида» гуфтааст: «Душманон як таррҳоии ҷанги равонӣ ва шайтанат алайҳи Эрон кардаанд. Ва бо бархе низ дар дохил ҳамоҳанг кардаанд, ки фазои сангинеро, ба қавли худашон, алайҳи мо, дар дунё эҷод кунад, фишор оваранд, фишорро ба авҷ бирасонанд ва дар авҷи ин фишорҳо ба яке аз ду кишвари Ховари Миёна, ки дӯсти мо ҳастанд, бо кӯмкаи сайҳунистҳо ҳамлаи низомӣ бикунанд. То ба хаёли худашон, як таваққуф ва заъферо дар иродаи мардуми Эрон эҷод кунанд».

Кишварҳои ғарбӣ ва хоса Амрико Эронро муттаҳам мекунанд, ки дар пӯшиши барномаи ҳастаии ғайринизомӣ, дар садади сохти ҷангафзорҳои ҳастаӣ мебошад. Иттиҳоме, ки Эрон ҳамвора рад карда ва аҳдофи худро комилан сулҳомез тавсиф кардааст.

Аҳмадинажод ҳамчунин афзудааст, ман мутааҷибам, ки чаро раиси ҷумҳури Русия дар ин намоишнома мушорикат мекунад ва ҳарфҳое, ки зада мешавад арзиши ҳуқуқӣ надорад.
XS
SM
MD
LG