Барот Тураев, сардори раёсати бақайдгирии нарх ва таҳқиқоти буҷаи хонаводаи ин оҷонс, мегӯяд, ҳарчанд сатҳи зиндагии мардум дар нисбат ба даҳ соли пеш беҳбуд ёфта бошад ҳам, аммо ҳанӯз ҳам аз рӯи табақабандии камбизоатон 13 дарсади хонаводаҳо дар Тоҷикистон аз шароити ниҳоят бади зиндагӣ бархӯрдоранд.
Ба гуфтаи ӯ, шумори бештари камбизоатон дар деҳот ба сар мебаранд, ки як нафар рӯзе ба ҳисоби миёна имкони сарфи танҳо 6 сомону 40 дирамро дорад. Дар асл, ба гуфтаи ӯ, талаботи як нафар ба ҳисоби миёна дар Тоҷикистон дар 1-рӯз аз 25 то 30 сомонӣ баробар аст.
Ҷаноби Тураев мегӯяд: «Бо сомонӣ ҳисоб кардем, ки дар ҳақиқат аз рӯи истеъмолоти хонавода, ки дар ин ҷо маводи асосии истеъмолӣ ҳисоб мешавад, ҳамин қадар аст. Ҳаҷми ин ки дар як шабонарӯз 6,4 сомониро ташкил медиҳад, дар як моҳ ба 195 сомонӣ мерасад».
Хӯроки аслӣ дар Тоҷикистон – нон ва чой
Шабнам Камолова, сокини як деҳа дар ҷануби Тоҷикистон, мегӯяд, аксари аҳолии деҳаи онҳо субҳгоҳон чойу нону шакар ва нисфирӯзиву шабонгаҳ хӯроки иборат аз картошкаву пиёз истеъмол мекунанд.
Хонум Шабнам мегӯяд: «Саҳар чойу шакару нон бошад, низфирӯзӣ ва шабона каме картошкаву пиёзро бо ҳам карда мехӯрем. Дар дӯконҳо нарх гарон аст ва аз оилаи мо касе кор намекунад. Деҳқонӣ мекунем ва бо ҳамин рӯз мегузаронем, дигар аз ягон ҷо манбаи даромад надорем».
Зиндагӣ бо хотироти Шӯравӣ
Коршиносон бар ин назаранд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ба зиндагии мардуми оддӣ зарбаи ҷиддӣ расонидааст. Умар Абдураҳмонов, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар кишварҳои зиёди ҷаҳон чунин ҳодисот ба вуқӯъ мепайвандад, вале мардум бо шароит фароҳам шудан аз ҷониби ҳукуматҳо зуд ба зиндагии худ беҳбуд мебахшанд.
Аммо ӯ мегӯяд, дар Тоҷикистон мафкураи зистан ба мисли замони шӯравӣ ҳанӯз ҳам аз сари аксари мардум дур нашудааст ва бояд давлати Тоҷикистон бо фароҳам овардани имконияту шароит ин адешаи мардумро дигар карда, онҳоро ба кору фаъолияти ҷиддиву мувофиқ ҷалб кунад.
Серфарзандони камбағал
Тоҷикистон аз шумули кишварҳоест, ки бо хонаводаҳои серфарзанд маълум аст. Аммо коршиносон мегӯянд, дар бештари оилаҳои тоҷик зиндагӣ бар дӯши як нафар бор аст ва боқӣ дастнигару бе ҷои кор.
Барот Тураев, сардори Раёсати бақайдгирии нарх ва таҳқиқоти буҷаи хонаводаи Оҷонси омори назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҳукумат барои беҳбуди зиндагии мардум талош кунад ҳам, вале ҳамоно ин кишвар дар қатори камбизоаттарин кишвари Осиёи Миёна боқӣ мондааст.
Феълан, маоши ҳади ақал дар Тоҷикистон 80 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба 1 халта орд баробар буда, барои як оилаи тоҷик нокифоя ҳаст. Ва ин ҳам дар ҳолест, ки камбуди ҷои кор, маоши поин, муҳоҷирати дастаҷамъи ба Русия солҳост мушкили умдаи ҷомеаи Тоҷикистон боқӣ мондааст.