Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзие, ки бо обилаи дасти занон меояд


Як гурӯҳи занони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои таъмини рӯзгору хонаводаи худ гил мешуранд ва хишт месозанд, ки барои сохтмони хонахо истифода мешавад. Муҳоҷирати кории мардони ин ноҳия занонро водор кардааст, ки ин кори сангинро иҷро кунанд.

Савринисо Ҷумъаева, зани 40-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ба сохтани хишти хом машғул аст. Ӯ аз саҳари барвақт то шом зери офтоби сӯзон гулулаҳои лойӣ месозад ва ба ин васила рӯзии худу фарзандонашро таъмин мекунад.

Шуғли "мардона"-и занон

Савринисо мегӯяд, баъди муҳоҷирати шавҳараш се сол мешавад, ки барои дарёфти рӯзии худу фарзандонаш ба чунин кори сангин машғул аст:

«Ҳамроҳи ду писарам ба сохтани хишт машғул ҳастем. Мо одатан хоки онро мехарем. Онҳое, ки хона месозанд, аз мо ин хиштҳоро бо 20-25 дирамӣ мехаранд. Ҳарчанд кори хиштсозӣ душвор аст, аммо дигар илоҷ надорем. Ҳаррӯз то 200-250 дона чунин хишти лойӣ месозем».


Савринисо ҳоло ҳамроҳи се фарзандаш дар ҷамоати ба номи Отаҷон Убайдуллоеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сар мебарад. Дар ин ноҳия ба мисли хонум Савринисо ҳудуди 50 зани дигар низ ҳаррӯза дар даст белу каланд ба сохтани ҳамин гуна хиштҳои гилин машғул мешаванд.

Шарафнисо Қарабоева, зани 56-сола, мегӯяд, сохтани хишти хом барои бисёре аз занони ин деҳа ба шуғли асосӣ табдил шудааст. Ба гуфтаи Шарафнисо, баъди итмоми киштукори баҳорӣ ва то саршавии маъракаи пахтачинӣ аксари занони ин маҳалла ба хиштсозӣ машғул мешаванд:

«Шароити кор кардан бисёр душвор аст. Баъзе занҳо то саршавии мавсими хиштсозӣ кори заминҳои шолизорро иҷро мекунанд. Масалан, мо тӯли се моҳи тобистон кори хишт месозем ва баъд ба заминҳои пахта мебароем».

Шарифахола мегӯяд, замоне хиштсозӣ бар души мардон вогузор мешуд ва занҳо маъмулан дар колхозу совхозҳо кор мекарданд. Аммо аз як тараф муҳоҷирати мардон ва аз ҷониби дигар қатъи кори колхозҳо, хиштсозӣ бар души занҳо вогузор шудааст.

Усули бобоӣ барои раҳоӣ аз сардиву бебарқӣ

Бунёди сохтмон бо хиштҳои гилин мероси замонҳои пеш аст ва то ба имрӯз аксари мардум дар сохтмонҳо аз ин усул истифода мекунанд. Алиҷон Самадов, як ҳамсӯҳбати мо, мегӯяд, хишти хом хонаро дар фасли сармо гарм нигоҳ медорад, ки дар шароити сардиву бебарқиҳои Тоҷикистон мувофиқ аст:

«Таърих исбот намудааст, ки тӯли садсолаҳо мо хишти пухта надоштем ва хонаҳо бо хишти хом сохта мешуд. Дар шароити кунунӣ, ки аксари мардуми деҳот ки маблағи кофӣ барои харидории сементу дигар масолеҳ надоранд, бо хиштҳои гилин хона бунёд кардан албатта хуб аст. Бахусус дар фасли зимистон ин гуна хонаҳои гилин ҳароратро гарм нигоҳ медоранд».


Аммо оқои Самадов аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки бенавоӣ ва мушкили таъмини зиндагӣ аксар занҳоро водор ба он кардааст, ки чунин корҳои вангинро, ки замоне шуғли мардҳо буд, иҷро кунанд.
XS
SM
MD
LG