Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 7 тан аз эътирозгарон дар ҷангали Химкӣ


Пулиси Русия дастикам 7 эътирозгарро, ки чанд рӯз ба ин сӯ ба хотири дифоъ аз ҷангали Химкӣ дар ин минтақаи воқеъ дар канори Маскав хайма задаанд, боздошт кард. Ин афрод алайҳи тахриби ҷангали Химкӣ ба хотири сохтани шоҳроҳи ҷадид дар ин мавзеъ эътироз мекарданд. Яке аз боздоштшудагон Евгения Чирикова, аз мубтакирони ин маъракаи зистмуҳитӣ ба манзури дифоъ аз ҷангали Химкӣ будааст. Ду хабарнигор, бо шумули хабарнигори Радиои Озодӣ низ боздошт шудаанд.
Пулис онҳоро ба авбошӣ муттаҳам мекунад, ки то 15 рӯзи ҳабс ваё ҷаримаи молӣ муҷозот дорад.
Фаъолон мегӯянд, тахриби бахше аз ҷангали Химкӣ ба муҳити минтақа таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Аммо мақомот мегӯянд, сохтмони шоҳроҳи нави 8-миллиарддоларӣ муддати сайёҳат байни Маскаву Петербургро башиддат коҳиш хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG