Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми фарзандони Мирзо Зиёев бетағйир монд


Ҳайъати мушовараи Додгоҳи Олии Тоҷикистон баррасии шикояти даъвогии фарзандони Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолоти изтирории Тоҷикистонро анҷом дод ва ҳукми қаблии додгоҳи Олӣ дар қиболи Муҳаммадризо ва Саидаҳмад Зиёевро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Додгоҳи олӣ дар авоили моҳи июл ин ду нафарро бо ҷароими ташкили гурӯҳи мусаллаҳ, ҳифзи аслиҳа ва талоши ғасби қудрат ва тағйири низом ба 28 ва 30 соли зиндон маҳкум карда буд. Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи аршади нирӯҳои мухолифин ва вазири собиқ, дар як соли пеш дар ҷараёни як амалиёти вижаи нирӯҳои давлатӣ дар Тавилдара, ки расман амалиёти “Кӯкнор-2009” ном бурда мешуд, кушта шуд.
Дар он ҳаводис 11 нафар кушта ва беш аз 40 тани дигар, бо шумули Муҳаммадризои 23-сола ва Саидаҳмади 26-сола, боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG