Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷагирии зиёни офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон


Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон гуфтааст, аз аввали сол то ҳоло бар асари офатҳои табиӣ дар кишвар 49 нафар кушта ва якуним ҳазор манзил тахриб шудаанд. Раиси Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, Хайбулло Латифов дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, зарари молии офатҳои табиӣ, аз ҷумла обхезиҳои густарда ба 900 миллион доллар расида, даҳҳо ҳазор аз сокинони кишвар бе хонаву дар мондаанд ва ҳоло барои онҳо манзили зист сохта мешавад. Дар робита ба теъдоди қурбониёни офатҳои табиӣ манобеи ғайрирасмӣ аз ҳалокати шумораи бештари одамон, махсусан дар сели Кӯлоб хабар медиҳанд.
XS
SM
MD
LG