Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавез дипломатҳои Колумбияро аз кишвараш ронд


Ҳукумати Венесуэло ба дипломатҳои Колумбия 72 соат вақт дод, то қаламрави Венесуэлоро тарк кунанд. Президенти Венесуэло Ҳуго Чавез, мегӯяд, вай равобити дипломатии кишвараш бо Колумбияро зимни даъвоҳое, ки гӯё Чавез ба шӯришгарони колумбиягӣ паноҳгоҳ медиҳад, қатъ кардааст. Мақомоти Колумбия бо интишори акси урдугоҳҳои тамрини шӯришгарони чапгаро дар қаламрави Венесуэло Чавезро айбдор карданд, ки натавонистааст, онҳоро саркӯб кунад. Чавез мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида аз Колумбия истифода мекунад, то ба ҳамгироии минтақаӣ зарба занад.
XS
SM
MD
LG