Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия мансабдори фирории Қазоқистонро истирдод кард


Туркия раиси пешини Бунгоҳи Қазоқистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, Аскар Исогалиевро, ки дар фасод ва суистифода аз мақоми давлатӣ айбдор мешавад, ба Қазоқистон истирдод кард. Исогалиев, ки аз Қазоқистон фирор кардаву дар пайгарди байнулмилалӣ қарор дошт, аввали имсол дар Анталияи Туркия боздошт шуд. Дафтари матбуоти Додситонии кулли Қазоқистон тасдиқ кард, ки Исогалиев ба Остона интиқол дода шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии ин шаҳр ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG