Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Қурмонбек Боқиевро боздошт карданд


Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, бародари Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршударо дар шаҳри Ҷалолобод боздошт карданд. Мелис Турғуналиев, муовини вазири умури дохила, гуфт, Аҳмад Боқиев зимни як амалиёти нерӯҳои махсус шоми чаҳоршанбе дастгир шудааст. Ба гуфтаи мақомот, Аҳмад Боқиев мусаллаҳ буда, вале зимни боздошташ муқовимат накардааст. Интизор меравад, ки ӯро ҳамин рӯз ба шаҳри Бишкек интиқол диҳанд. Аҳмад Боқиев ва дигар хешовандони Қурмонбек Боқиевро ба барангехтани ошӯбҳо ва низоъҳои байниқавмӣ дар ҷануби Қирғизистон муттаҳам мекунанд. Қурмонбек Боқиев баъди шӯридани мардум алайҳи ӯ дар моҳи апрел Қирғизистонро тарк карда ва ба Ҷумҳурии Белорус гурехт.
XS
SM
MD
LG