Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии қавии Амрико аз истиқлолияти Косово


Ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷо Байден, дар арафаи ҳукми машваратии Додгоҳи байнулмилалии адолат роҷеъ ба қонунмандии эъломияи истиқлолияти Косово, ба сарвазири Косово, Ҳошим Тачӣ пуштибонии Амрикоро кафолат дод. Дар дидоре бо Тачӣ дар Вошингтон, Байден гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз истиқлолият ва тамомияти арзии Косово шадидан ҳимоят хоҳад кард. Тачӣ гуфтааст, ба ҳар қарори Додгоҳи байнулмилалии адолат арҷ хоҳад гузошт, аммо истиқлолияти Косово бозгаштнопазир аст.
XS
SM
MD
LG